Оид ба мо
Бюрои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва иҷроиши қонуният
Бюрои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва иҷроиши қонуният дар моҳи Ноябри соли 1999 бунёд гардида дар Вазорати Адлия 3-юми Апрели соли 2000-ум ба қайд гирифта шуд. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва дар шаҳри Хоруғи ВМБК филиал дорад.
Мақсадҳои созмон: Амалигардонии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, машварат ва баҳодиҳии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ аз ҷиҳати мувофиқати он бо стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии ислоҳоти демократӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат.
Аъзоёни созмон: ҳуқуқшиносон, омӯзгорони факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳо, донишҷӯёни ҳуқуқшинос. Бюро барномаи кор бо ихтиёриён дорад, асосан бо донишҷӯёни ҳуқуқшинос.
![]() |
|
|---|---|
| Зокирова Наргис Директор организации |
Диноршоев Азиз Мусоевич . Председатель наблюдательного совета |
Худобахшова Дильноза Руководитель информационного центра |
Романов Сергей Тимофеевич
Руководитель образовательного центра |
![]() |
|
Зульфикор Замонов Руководитель аналитического центра |
Мамадназаров Худоназар Председатель наблюдательного совета |
Яразбаева Лилия Миграновна Главный Бухгалтер |
Акрамова Гулистон бухгалтер |
С |
|
Холикназаров Манучехр Директор Хорогского филиала |
Зафар Ахмедов Директор Худжандского филиала |
![]() |
|
Мадина Усманова - "Руководитель Центра правовой поддержки" |
Тахмина Жураева Юрист по проекту |
Самтҳои фаъолияти созмон дар аӣни ҳол:
1. Таҳлили қонунгузории миллӣ барои мувофиқати он бо стандартҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, пешбурди қонунгузорӣ (таҳлили қонунгузории миллӣ оид ба масоили фарзандхонии байналхалқӣ, ҳуқуқи додситонӣ аз рӯи адолат, ҳуқуқи озодӣ ва дахлнопазирии шахс. Тавсияҳое ки дар рафти таҳлили қонунгузорӣ ба даст омаданд, ҳангоми навиштани Ҳисоботи Алтернативӣ ба Кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон истифода шуданд)
2. Маориф ва маълумотдиҳӣ
-Мактабҳои ҳарсолаи дуҳафтаинаи тобистонӣ оид ба ҳуқуқи байналхалқии умумӣ ва ҳуқуқи инсон барои донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон(факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва робитаҳои байналхалқӣ)—Бюро дар давоми шаш сол мактабҳои ҳарсолаи тобистонӣ мегузаронад оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар онҳо зиёда аз 180 донишҷӯ иштирок варзидаанд. Ин барнома ягона барномаи дарозмуддат барои донишҷӯён мебошад, ки дар он асосҳои ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон омӯхта мешаванд. Ба ҳайси экспертҳо мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, кормандони созмонҳои байналхалқӣ (СММ, СБША, Салиби Сурх, Созмони байналхалқии муҳоҷират ва дигарон.) таклиф мешаванд. Қисми таҷрибавии мактаби тобистонӣ ба кори омода сохтани шикоятномаҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон. Бисёре аз хатмкунандагони мактабҳои тобистонӣ айни ҳол кормандони созмонҳои байналхалқӣ ва СҒД оид ба ҳифзи ҳуқуқ мебошанд.
-Машғулиятҳо оид ба ҳуқуқи инсон ба гуруҳҳои касбӣ (ҳуқуқшиносони коргар, судяҳо, адвокатҳо)
-Семинарҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо оид ба масоили алоҳидаи фаъолияти созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон
-Коркарди дастурамали методӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва китоби дарсӣ барои донишҷӯёни Академияи ВКД ҶТ. Бюро дар якҷоягӣ бо Академияи ВКД, бо дастгирии донишкадаи Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон дастурамали методӣ тартиб додааст, китоби хониш ва маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои кормандони милитсия. Дар асоси астурамали методӣ ду машғулият барои муаллимони як гурӯҳи муаллимони Академияи ВКД ҶТ гузаронида шуд, маркази Ахборотӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар назди Академияи ВКД кушода шуд, инчунин сафари шиносоӣ ба Академияи ВКД Латвия ташкил шуд.
-Эҷоди китобчаҳои кисагӣ, дастурамалу брошураҳо оид ба ҳуқуқи инсон. Бюро фаъолона бо татбиқи барномаи ахборӣ-маърифатӣ машғул аст, ки дар доираи он китобчаҳои кисагӣ навишта шуданд, аз силсилаи “Худро ҳифз намо”, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Китобчаҳои мавзӯии кисагӣ ба масоили алоҳидаи ҳуқуқи инсон, стандартҳои миллӣ ва байналхалқии ин ҳуқуқ бахшида шудаанд. Дар онҳо бо забони осонфаҳм оид ба он гуфта шудааст, ки дар сурати вайроншавии ҳуқуқи шахс, кас бояд чӣ гуна рафтор намояд, намунаҳои ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ низ оварда шудаанд.
3.Қабулгоҳҳои ҳуқуқшиносӣ оид ба ҳуқуқи инсон
-Қабулгоҳи ҳуқуқии ҷамъиятӣ—машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ, намояндагӣ дар суд, тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ барои табақаҳои заифи ҷомиа. Айни ҳол дар доираи лоиҳаҳои гуногуни Бюро, Қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ кушода шуданд ва амалӣ ҳастанд дар Душанбе, Турсунзода, Хоруғ(ВМБК), Хуҷанд ва Истаравшан(вилояти Суғд).
-Омодасозии пайғомҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба Ҳуқуқи Инсон оид ба маросими Протоколи Ихтиёрӣ ба Созишномаи Ҳуқуқҳои Шаҳрвандӣ ва Сиёсӣ. Аз соли 2000 инҷониб, дар доираи фаъолияти Қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқшиносони Бюро ба одамон дар тартибдиҳии пайғомҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, мадад менамоянд. То ба имрӯз, дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон зиёда аз 25 пайғом ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони мо тартиб дода шудаанд. Аз тарафи Кумита оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси 6 пайғом аллакай қарор қабул карда шуд дар бобати вайроншавии ҳуқуқи инсон.
-Омодасозии ҳисоботҳои алтернативӣ ба Кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи иносн. Дар ҳамкорӣ бо дигар СҒД ҳифзи ҳуқуқ, Бюро дар навиштани ҳисоботи Алтернативӣ ба Кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, иштирок меварзад. Айни ҳол ба Кумитаҳо оид ба ҳуқуқи инсон маърӯзаҳо дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро намудани Созишномаи Байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Созишномаи Байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, ҷомиавӣ ва фарҳангӣ, ва инчунин Конвенсия алайҳи шиканҷа ва дигар муомилаи ноодамиву бераҳмии таҳқировар, омода гардида фиристода шуданд.
4. Мониторинги иҷроиши ҳуқуқи инсон
-Мониторинги ошкории мурофиаи суд ва дастрас будани ахбор дар суд
-Мониторинги мавҷудияти адлия аз ҷиҳати дастрас будани ёрии ҳуқуқии ройгон
-Мониторинги иҷроиши ҳуқуқи зиндониён барои алоқа бо олами беруна
-Мониторинги мавҷудияти ёрии психиатрӣ дар ҶТ
-Мониторинги риояи ҳуқуқи кудакон дар хонаҳои бачагон, мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои махсускардаи кудакона.
5. Шабакаи ҳифзи ҳуқуқи журналистӣ
Бюро дар ҳамкорӣ бо фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон(Варшава) баҳри журналистони ҷавон барномаи маърифатиро иҷро менамояд. Дар доираи ин барнома семинарҳои маърифатӣ барои журналистон гузаронида шуд, дастгирии ҳуқуқии журналистон амалӣ гардид, Интернет сайт бо ахбори ҳуқуқи инсон кушода шуд (www.hrjn.tj), ки онро журналистон метавонанд дар кори хеш истифода баранд, ва ғ.
6. Барномаи “Афзудани иқтидори СҒД дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи инсон.”
Бюро барои намояндагони СҒД ҳифзи ҳуқуқ аз ноҳияҳои Тоҷикистон семинарҳои маърифатӣ мегузаронад, ки дар мавриди механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намудҳои алоҳидаи фаъолияти СҒД баҳри ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ, мебошанд. Кормандон ба СҒД ёрии машваратӣ медиҳанд, ҳангоми иҷро намудани лоиҳаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мониторинги риояи ҳуқуқи инсон.
7. Шарҳи вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
--Аз соли 2005 инҷониб, Бюро шарҳи ҳармоҳаи вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро мегузаронад. Дар ин шарҳ таҳлили матбуот, навовариҳо дар қонунгузорӣ, ахбор дар бораи фаъолияти идораҳои давлатӣ оид ба ҳуқуқи инсон, фаъолияти СҒД алоҳида.
Шарикон ва ҳиссагузорони мо:
• Бунёди миллии дастгирии демократия (Вашингтон)
• Бюро оид ба муассисаҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БОМДҲИ/СБША)
• Маркази СБША дар Душанбе
• Идораи ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон
• Донишкадаи Дания оид ба ҳуқуқи инсон
• ИКОМСММ
• Бюрои СММ барои ҳамкорӣ ва сулҳсозӣ дар Тоҷикистон
• Донишкадаи ҷамъияти кушода (Будапешт)
• Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон
• Федератсияи Байналхалқии Хелсинки
• Бунёди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава)
• Гуруҳи ҷавонони ҳифзи ҳуқуқ (Бишкек)
• Марказ оид ба ҳуқуқи инсон (Тоҷикистон)
Интишори мо:
• Таҳлили ҳуқуқӣ-муқоисавии қонунгузории ҶТ дар соҳаи писархондӣ(духтархондӣ) дар мисоли кишварҳои алоҳидаи ДММ ва ҳуқуқи байналхалқӣ.
• Фарҳанги тафсирии тоҷикӣ-русӣ оид ба ҳуқуқи инсон
• Агар Шуморо милиса боздорад...(Китобчаи кисагӣ барои шахсони боздошташуда ва шахсони дар ҳабс буда)—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Наврас дар низоъ бо қонун...(Китобчаи кисагӣ барои наврасоне, ки шоҳид, гумонбар ва айбдори ҷиноят(қонуншиканӣ) шудаанд)—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Китобчаи кисагӣ барои маҳбусон ва хешовандони онҳо—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Китобчаи кисагӣ оид ба масоили ошкории мурофиаҳои судӣ ва дастрас будани ахбори судӣ
• Ба муҳофизат ҳуқуқ дорам (китобчаи кисагӣ барои шахсоне, ки ба сохтори адлия дучор шудаанду муҳтоҷи ёрии ҳуқуқӣ мебошанд (ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ)
• Ҳуқуқи интихобшавӣ ва интихобгарӣ (китобчаи кисагии интихобкунанда)—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Ҳуқуқи дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ (китобчаи кисагӣ бо саволу ҷавобҳо)—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон (Китобчаи кисагӣ барои шахсоне, ки ба сохтори адлия дучор шудаанду муҳтоҷи ҳифзи ҳуқуқ мебошанд)
• Ҳуқуқи мерос (китобчаи кисагӣ бо саволу ҷавобҳо)—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Ҳисоботи солона оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. с. 2005—ба забонҳои русӣ ва англисӣ
• Ҳифзи ҳуқуқи инсон, чун кор ва вазифаи милиса (дастурамали таълими-методӣ) ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Ҳифзи ҳуқуқи инсон, чун кор ва вазифаи милиса (китоби дарсӣ барои донишҷӯён)—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва қонунгузории ҶТ оид ба ҳуқуқи инсон, барои кормандони муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ—ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ
• Механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон. Пешниҳоди ҳисоботҳои миллӣ ба Кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон
• Механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон. Ҳисоботи СҒД ба Кумитаи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди аз ҷонинби ҶТ иҷро намудани Созишномаи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ
• Ҳисоботи Алтернативӣ дар бораи рафти иҷроиши Созишномаи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, ҷомиавӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон—ба забонҳои русӣ ва англисӣ
• Баррасии масоили риояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар ВАУ(маҷмӯаи мақолаҳо)
• Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯён—маҷмӯаи ҳисоботҳо аз солҳои 2000-2005.
• Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯён—маҷмӯаи ҳисоботҳо аз соли 2006.
• Риояи ҳуқуқ барои зиндагӣ дар ҷиҳати истифодаи ҳукми қатл—натиҷаҳои мушоҳидот (мониторинг)
• Тоҷикистон: аз моратория ба бекорсозии ҳукми қатл. Таҳқиқи қонунгузории ҶТ дар масъалаи мувофиқат ба стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи бекорсозии ҳукми қатл
• Тоҷикистон: аз моратория ба бекросозии ҳукми қатл. Маводи конфронс
• Риояи ҳуқуқи алоқаи шахсони маҳбус бо олами беруна—натиҷаҳои мушоҳидот
• Ошкории мурофиаи судӣ ва датсрасии ахбори судӣ—натиҷаҳои мушоҳидот
• Риояи ҳуқуқи кудакон дар хонаҳои кудакон, мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсускардаи кудакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.









