Эълонҳо
Донишљўёни муњтарами факултањои њуќуќшиносии
муассисањои тањсилоти олї дар
ш. Душанбе!
Ташкилоти љамъиятии «Идораи њуќуќи инсон ва риояи ќонуният», барои донишљуёни курси 4-5 факултањои њуќуќшиносии муассисањои тањсилоти олї, бахшњои коромузии дар соњаи њуќуќшиносї, озмун эълон менамояд.
Барномаи коромўзї дар соњаи њуќуќшиносї бахши пурраи омузиши ќонунгузории миллї ва байналхалќї, омузиши мањорати мусоњиба бо мизољ, машварати њуќуќї, тартиб додани њуљљатњои хатии њуќуќї, тартиб доднаи њисобот, гузаронидани дарсњои лексионии хурд вобаста ба масъалањои алоњидаи соњаи ќонунгузорї (њуќуќи оилавї, њуќуќ ба меърос, њуќуќ ба манзил, њуќуќи экологї ва ѓайра) иштирок намудан дар мурофиањои судї ва кори амаї бо мизољон оид ба масъалањои њуќуќиро дар бар мегирад.
Донишљўёне, ки аз озмун гузаштанд, дар давоми се моњ аз 1 июл то 30 сентябри 2010 сол, коромўзиро дар ташкилот мегузаранд.
Шахсони њавасманд метавонанд аз соати 9.00 то 16.00 бо суроѓаи: кучаи Павлов хонаи 6,ё бо раќами телефонии (+992 44) 600-41-47 (истгоњи охирони хатсайри маршрути 22 – Донишгоњи омузгоїи) мурољиат намоянд ва бо худ нусхаи дафтари имтињони (ё маълумотнома аз љои тањсил), вараќаи тавсияномавї аз чои тањсил ва тарљумаи њол (CV) дошта башанд.
Мўњлати интињоии супоридани њуљљатњо: на дертар аз соати 16:00, санаи «15» июни 2010 сол.
Kурсҳо доир ба ҳуқуқи инсон
Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ва Бюрои СБША дар Тоҷикистон, хабар медиҳанд, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иштирок дар Kурсҳо доир ба ҳуқуқи инсон, конкурс эълон карда мешавад. Курсҳо дар ду мавсим мегузаранд: тобистон ва тирамоҳ. Маълумоти муфассалро доир ба Курсҳо, метавонед дар саҳифаи “Эълонҳо”, аз сайти Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, дарёфт намоед www.hrt.tj
Ба иштирокчиёни Курсҳо доир ба ҳуқуқи инсон, аз мавзӯҳои зерин дарсҳо гуфта мешаванд: масоили алоҳидаи ҳуқуқи байналхалқӣ, консепсияҳои ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллӣ ва байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон.
БАРОИ ИШТИРОК ДАР КОНКУРС, ШУМО БОЯД АНКЕТА ПУР КУНЕД!
Барои анкетаҳо ба нишониҳои зерин муроҷиат намоед:
- Ш. Душанбе- куч. Рӯдакӣ 137, 5-ум ошёна. (Бинои Тоҷикматлубот) тел: 600-41-47, 600-41-48, 918-55-36-38 ;
- Ш. Хуҷанд куч. Ленин, хонаи 6 кв. 1(даромад аз ҳавлӣ)даромадгоҳи якум тел: 6-35-31;
- Ш. Хоруғ – куч. Ленин 139 кв. 15 тел. 2-27-47
- Ш.Қӯрғон-теппа куч. Зоя Космедемъянская х. 1 (Идораи маҳаллии СБША) тел. (992 3222) 2-54-57, 2-37-57
- Ш.Кӯлоб куч. Ҳилоли Аҳмар х. 162 (Идораи маҳаллии СБША) (992 3322) 32297
- Ноҳияи Рашт, куч. Боқӣ Раҳимзода 78, (Идораи маҳаллии СБША) (992 3131) 21786
Анкеати пуркардаро бояд ба нишонии мо фиристед: ssummer2009@gmail.com
Санаи охирини супурдани анкетаҳо: 22 майи с. 2009
Бюлеттени лоиҳаи “Сафарбар кардани ВАУ барои дастгирии ҳуқуқи занону кудакон дар Осиёи Миёна”
Эълон оид ба мусобиқа барои нашри маводи чопӣ
Бунёди умумиҷаҳонии Би-Би-Си дар доираи лоиҳаи Комиссияи Аврупо: “Сафарбар кардани ВАУ барои дастгирии ҳуқуқи занону кудакон дар Осиёи Миёна”, барои нашри маводи чопии баландихтисоси журналистӣ мусобиқа эълон мекунад. Мавод бояд дар мавзӯҳои иҷтимоӣ, хусусан масоили занону кӯдакон бошад. Дар мусобиқа журналистон аз нашриёти се давлати минтақа иштирок карда метавонанд: Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон.
Мусобиқа нашри мақолаҳо/иншоҳоро дар бар мегирад, ки таҳти назорати устодони хориҷӣ мегузарад. Ба иштирокчиёни конкурс ёрии техникӣ ва молӣ дода мешавад. Шахсе, ки пирузӣ ба даст орад, имкон пайдо месозад ба хориҷа сафари таҳсилӣ кунад. Беҳтарин навиштаҳо мукофотҳои арзанда хоҳанд гирифт.
Барои иштирок дар мусобиқа, довталабон бояд оид ба худ маълумоти мухтасар фирстанд-ному насаб ва падарном, ҷои кор, алоқа—ба имейли casianpro@elcat.kg то 15 декабри соли 2008, то ки ба курсҳои интернетӣ оид ба журналистика-Ilearn ба қайд гирифта шаванд. Ilearn-системаи таҳсили масофавӣ мебошад, ки аз ҷониби Би-Би-Си ташкил шудааст ва дар тамоми ҷаҳон истифода мешавад. Танҳо иштирокчиёне, ки омӯзишро бомуваффаққият мегузаранд, ба мусобиқа ва пур кардани анкетаҳо роҳ дода мешаванд. Варақаҳои анкетаҳо ба ҳар довталаб алоҳида фиристода мешаванд. Курси интернетӣ ба миқдори 2 соати кори интернетӣ, дар давоми ду-се ҳафта мегузарад. Курсҳо бояд то 10 январи соли 2009 тамом карда шаванд.
Телефонҳо барои маълумот: + 996 312 324952. Бо ҳама саволҳо ба Медиа-Координатори Минтақавӣ Гулнура Торалиева муроҷиат кунед.
Муфассалтар дар URL: http://www.casianpro.net/ru/article/default.aspx/836






