Навидҳо
24 Апрели 2009 / Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тонг” барои мурофиаи баъдина ба суд равон карда шудааст.
Чуноне ки ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд Алиҷон Самадов хабар дод, собиқ муҳаррири рӯзнома Пӯлод Умаров, сармуҳосиби рӯзнома С. Умарова ва соҳибкор Д. Тошматов, аз рӯи моддаҳои 257 ва 340-и Кодекси Ҷиноии ҶТ айбдор дониста мешаванд. Онҳо дар давраи моҳҳои июл то ноябри соли 2008, бо василаи ҳуҷҷатҳои худсохтаву қалбакӣ пулҳои хайриявиро (грантҳоро), ки ба редаксия ворид мешуданд, аз худ кардаанд. Бунёдгузори рӯзнома Мақсуд Худойбердиев ба прокуратура бо даъвонома муроҷиат намуд.
Прокуратура тафтишотро анҷом дода, ин парвандаро ба суди шаҳрии Хуҷанд супорид. Аз гуфти сарчашма бармеояд, ки гунаҳкоронро аз 2 то 7 соли маҳрумшавӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.
22.04.2009
Сарчашма: Хадамоти мониторингии АМВАУМТ
23 Апрели 2009 / Дар Душанбе созишнома ба имзо расид оид ба ҷорӣ кардани дониши ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ дар мактабу донишгоҳҳо.
Имрӯз вазорати маорифи ҶТ, Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндагии минтақавии Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх (КБСС) дар Осиёи Миёна, оид ба ҷорӣ намудани дониши ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ, дар мактабҳои миёнаву олии Тоҷикистон, созишнома бастанд. Чӣ хеле ки ба “АП” корманди масоили мактабҳои миёна ва фаъолияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон Муродҷон Солиев хабар дод, ин созишнома ҳамкории тарафҳоро дар ҷиҳати ба синфҳои болоӣ омӯзонидани арзишҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ дар доираи фанҳои “Ҳуқуқи инсон” ва “Тайерии пешазхизматии ҳарбӣ” ба низом медарорад, инчунин дар омӯзонидани ҲБГ дар факултаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, омодагии ҷисмонии пешазхизматии ҳарбӣ ва журналистика дар мактабҳои олии Тоҷикистон, дар солҳои 2009—2010.
Ба гуфти ӯ, мувофиқи ин созишнома, Вазорати Маорифи ҶТ чораҳо меандешад, ки ҳуқуқи байналхалқии гуманитариро дар барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои маорифи мактабҳҳои миёна ва олӣ ҷорӣ намояд, инчунин ба маводҳои муносиби дарсӣ ва имтиҳонӣ.
“Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх ва Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард, бо амалигардонии чорабиниҳоии иловагии маърифатӣ (семинарҳо, конфронсҳо, мусобиқаҳо ва ғ.), --хабар дод М. Солиев.—Инчунин ба мутахассисони вазорат, мактабҳои олии ҳамкор (ДРТС ва ДМТ), ва донишкадаҳои такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ мадади мушовирӣ расонида мешавад.” Чуноне ки Рафаэлло Мюллер, ҷонишини сарвари намояндагии минтақавии КБСС дар Осиёи Миёна, дар маросими шартномабандӣ қайд кард—“Бастани ин шартнома аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорӣ байни созмонҳои мо сифатан ба дараҷаи нав баромадааст. Ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ аллакай дар мактабҳои миёнаву олии Тоҷикистон омӯзонида мешавад, ва барои ҷорӣ намудани он дар раванди таълимӣ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд”.
КБСС тайёр аст, ки ба муассисаҳои маорифи Тоҷикистон мувофиқи шартнома мадад кунад ва умедвор аст, ки курсҳои ҲБГ пас аз соли 2010 низ дар барномаҳои мактабҳои миёна ва олии кишвар боқӣ хоҳанд монд.” Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад. Ғайр аз ҳамкорӣ доир ба таълими ҲБГ дар мактабҳои миёнаву олӣ, КБСС бо вазорати мудофиаи ҶТ дар таълими кормандон ба асосҳои ҳуқуқи низоъҳои ҳарбӣ ҳамкорӣ мекунад, инчунин бо вазорати адлия ва дигар сохторҳои давлатӣ, ки ба ҷорӣ кардани ҲБГ дар қонунгузории миллӣ шавқманд ҳастанд, низ ҳамкорӣ дорад.
«Азия-Плюс» - /Фирдавс Муртазаев/
20 Апрели 2009 / Ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Кодекси ҷиноӣ—мурофиавӣ норозӣ аст
20 март дар Душанбе вохӯрии васеи кории гурӯҳи ҷамъиятӣ, ихтисосӣ-ҳуқуқӣ шуда гузашт. Ин гурӯҳ барои муҳокимаи лоиҳаи Кодекси ҷиноӣ-мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омад. Вохӯрӣ бо дастгирии шӯъбаи Донишкадаи “Ҷомиаи Кушода”—Бунёди ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, идораи Шветсарӣ оид ба ҳамкорӣ ва тараққиёт (SDC), ва филиали асотсиатсияи Шветсарии ҳамкории байнлхалқӣ дар Тоҷикистон “HELVETAS”. Дар вохӯрӣ адвокатҳои пуртаҷриба, омӯзгорони риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ва инчунин ҳуқуқшиносони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва компанияҳои консалтингии кишвар иштирок карданд. Дар вохӯрии мазкур лоиҳаи қонун оид ба Кодекси ҷиноӣ-мурофиавӣ муҳокима гардид, ки аз ҷониби гурӯҳи кории намояндагони сохторҳои давлатӣ ва таҳлили як қатор созмонҳои ғайридавлатӣ омода шудааст.
Ба пуррагӣ метавонед ин мақоларо дар нишонии зерин дарёфт намоед: http://hrt.tj/downloads/Statya_Zokirovoi_po_UPK_RT.doc
15 Апрели 2009 / Дар се моҳ дар Тоҷикистон 3 ҳазору 333 ҷиноят содир шудааст
Дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 333 ҷиноят содир карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,8 % зиёд аст (дар соли 2008—3 ҳаз. 243). Муовини якуми генпрокурори ҶТ Абдусами Дадобоев дар конфронси матбуотӣ маълумоти омориро гуфта, қайд намуд, ки дар давраи зикршуда, мувофиқи қарорҳои прокурорӣ 826 одам ба ҷавобгарии ислоҳӣ, 2 ҳазору 35—ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 217—ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи норасогиҳо ва қонуншиканиҳои дарёфтшуда зарари молии ба давлат расонидашуда баргардонида шуд, ки бештар аз 18 милён сомониро ташкил медиҳад.
«Азия-Плюс» - /Наргис Ҳамробоева/
8 Апрел 2009 / Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, нисбати Федератсияи Рус аз боиси парвандаи Сладков ҳукм баровард.
26 Марти соли 2003, Сладков Сергей Борисович, шаҳрванди Федератсияи Рус ба Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намуд. Даъвогар дар соли 1956 тавлид шудааст ва дар шаҳри Душанбе умр ба сар мебарад. Айни замон ӯ полковники қувваҳои ҳарбӣ-сарҳадии артиши Рус мебошад. Мувофиқи қонунгузории Русия, хидматчиёни ҳарбӣ, ки муддати калони хидматӣ доранд, ҳақ доранд ки соҳиби манзили зист шаванд (даъвогар ба ин шартҳо мувофиқат мекунад), ва бе розигии онҳо аз кор ронда намешаванд, бе он ки ба онҳо манзили зист дода шавад. Даъвогар хоҳиши аз кор рафтан карда, муқаррар намуд, ки мехоҳад манзили зист гирад. Азбаски манзили зист дода нашуд, даъвогар ба фармондеҳони худ даъво пешниҳод намуд.
Дар соли 1998 Суди ҳарбии 10514-и Федератсияи Рус муқаррар намуд, ки даъвогар аз кор сабукдӯш карда шавад ва бо манзили зист таъмин шавад. Суд инчунин қарор баровард, ки барои бардоштани зарари ахлоқӣ ба даъвогар товон дода шавад. Ба даъвогар квартираҳо пешниҳод карда шуданд, ки дар шаҳрҳои Вязма, Курск, Ковров, Галич, Воронеж ва Краснодар ҷойгир буданд. Аммо даъвогар ин пешниҳодҳоро рад намуд, зеро мехост аз шаҳри Твер квартира гирад. Аз ин сабаб даъвогар бори дигар ба ҳайати фармондеҳонаш даъво фиристод. Хулоса, суди кассатсионӣ қарор кард, ки ба даъвогар дар Твер квартира дода шавад.
Дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2006 ва дар моҳи июни соли 2007, ҳайати фармондеҳӣ ба даъвогар се квартираро дар Твер пешкаш намуд. Даъвогар ин пешниҳодро рад намуд, зеро мехост ки аввал бояд талаботи ӯ ҷиҳати дигар имтиёзҳо қонеъ гарданд, ва инчунин ӯ бо хусуиятҳои квартираҳо норозӣ аст.
18 декабри соли 2008, пас аз мурофиаи парвандаи зикршуда, Суд якдилона муқаррар намуд: шикоятҳо ҷиҳати иҷро нашудани қарорҳои қувватёфтаи суд ва набудани воситаҳои муҳофизат алайҳи он, қобили қабул ҳастанд, аммо дигар қисми шикоят номақбул аст; вайрон кардани моддаи 6 (қисми 1) Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ (Ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ) ва моддаи 1 протоколи 1 (Ҳифзи моликият); вайрон кардани моддаи 13-и Конвенсия (Ҳуқуқ ба воситҳаои қудратноки ҳифзи ҳуқуқӣ); а) Давлати ҷавобгар бояд ба даъвогар дар давоми се моҳ пас аз қатъӣ шудани қарор, мувофиқи моддаи 44 (қисми 2) Конвенсия, 3500 Евро ва ҳар андози вобаста ба зарари ахлоқиро пардохт намояд б) дар сурати таъхир намудани пардохт дар давоми бештар аз ин се моҳи зикршуда, маблағе пардохта мешавад, ки ҳини пардохт баробари фоизи ҳаддии қарзии Бонки Марказии Аврупоӣ ва ҷамъи се фоиз мебошад; рад намудани талаби даъвогар оид ба қаноатсозии одилона.
Сарчашма: Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният
3 Апрел 2009 / Сокинони Тоҷикистон аз тамошои барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» маҳрум шуданд
Пахши барномаҳои шабакаи ягонаи телевизионии «РТР-Планета»-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон дигар барқарор нахоҳад шуд. Ёдрас мекунем, ки имрӯз аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон як моҳ пур мешавад.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов изҳор дошт, ба қатъи пахши барномаҳои шабакаи мазкур Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия, ки шабакаи «РТР-Планета» шомили он аст, гунаҳкор мебошад. «Имрӯз ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи қатъи пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави кишвар ва даст кашидан аз идомаи гуфтушунид бо ҷониби Русия дар ин хусус қарори ниҳоӣ қабул карданд. Фазои қабули пахши барномаҳои телевизиони «РТР-Планета» барои пахши барномаҳои шабакаҳои дигар истифода хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
С.Ҳикматов гуфт, мақомоти раҳбарии ҶСК «Телерадиоком» чандин маротиба унвонии мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия ҷиҳати зиёд кардани тарофаҳои хизматрасонии таъмини пахши барномаҳо мактуб ирсол кардаанд, вале посухи мушаххасе нагирифтаанд. «Мо ҳанӯз 17-уми феврали соли ҷорӣ онҳоро огаҳ сохтем, ки дар сурати ҳал нагардидани масъала аз ҷониби худ пахши барномаҳоро қатъ месозем ва воситаҳои техникии ширкатро ба шабакаҳои дигар пешниҳод мекунем, вале онҳо ҳеҷ вокунише нишон надоданд», - гуфт С.Ҳикматов.
Номбурда афзуд, феълан қарзи Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия дар назди ҶСК «Телерадиоком» ба 7 млн. рубли русӣ баробар аст. «Чун ҷониби Русия ҳамеша пардохти қарзҳоро ба таъхир меандозад, бо назардошти бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии асъор хисороти молии мо танҳо дар моҳҳои ноябр-декабр беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил доданд», - изҳор дошт С.Ҳикматов.
17 Март 2009 / Тоҷикистон хостори тамдиди мӯҳлати иҷрои Конвенсияи Оттава аст
Тоҷикистон ният дорад, мӯҳлати иҷрои Созишнома дар бораи манъи истифодаву интиқол ва нобуд кардани минаҳоро, ки чун Конвенсияи Оттава маъруф аст, дароз намояд.
Тавре директори Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ӯҳдадориҳои қаблан вогузоргардида, кишвар мебоист то соли 2010 аз таҳдиди хатари мина ва дигар аслиҳаву муҳимоти натаркида раҳо меёфт, вале коршиносон бар чунин назаранд, ки анҷоми корҳои аз минаҳо тозакунии қаламрави кишвар дар мӯҳлати пешбинишуда ғайриимкон аст ва ин нуктаро коршиносони байнулмилалӣ низ тасдиқ месозанд. «Масъалаи мазкур бо мақомоти дахлдори ҳукумати кишвар мувофиқа гардида, ахири ҳмин моҳ мо унвонии котиботи Конвенсисяи Оттава дархост ирсол хоҳем дошт, то ки ин мӯҳлат то 10 соли дигар дароз карда шавад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки соли гузашта барои 15 кишвари узв мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи конвенсия вогузоргашта дароз гардида буд.
Раҷабов сабаби аслии дар мӯҳлати пешбинишуда ба иҷро нарасидани ӯҳдадориро ба камбуди маблағ, набудани техникаи замонавӣ, аз ҷумла мошинаи механикии безараргардонӣ аз мина бо арзиши 500 ҳазор доллари ИМА марбут медонад ва ҳарчанд як қатор кишварҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ба безараргардонии қаламрави кишвар аз минаҳо омодагӣ изҳор карда бошанд ҳам, ин маблағҳо ҳанӯз кофӣ нест. «Ҳамин тариқ, ҳукумати Олмон бо ин мақсад дар бораи ҷудо кардани 1,2 млн. Евро, САҲА – 500 ҳазор Евро, Белгия – 18 ҳазор Евро ва Канада – 400 ҳазор Евро омодагӣ изҳор намуданд», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти Марказ оид ба минаи Тоҷикистон, дар қаламрави Тоҷикистон замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ минаҳо гузошта шуда, он замон чунин шуморида мешуд, ки дар ҳудуди 60 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар минаҳо гузошта шудаанд, вале бо гузашти айём коршиносон ба чунин хулоса расиданд, ки 42 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар комилан бехатар аст ва айни замон зарур аст, 17 млн метри мураббаъи қаламрваи ҷумҳурӣ аз минаҳо ва дигар аслиҳаву муҳимоти тарканда безарар гардонида шавад. Тайи солҳои сипаригашта беш аз 11 ҳазор адад мина ва муҳимоти дигар безарар гардонида шуда, тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 600 шаҳрванди кишвар қурбони таркиши минаҳо гашт.
10 Март 2009 / Манъи истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои маорифи ҷумҳурӣ
Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи маълумоти касбии пас аз маълумоти олӣ» ва «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ»-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, аз ин ба баъд истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ эълон гардид.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Додихудо Саймуддинов изҳор дошт, ки тибқи тағйирот, сарфи назар аз шакли моликият, истифодаи телефонҳои мобилӣ зимни раванди таълим дар муассисаҳои маориф манъ мегардад ва ин муқаррарот ба омӯзгорони ин муассисаҳо низ дахл дорад. «Фармони содирнамудаи вазири маорифи кишвар дар ин хусус самараи дилхоҳ надод ва замоне фаро расид, ки нисбати ин масъала дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад», - гуфт ӯ.
Д.Саймуддинов гуфт, дар мавриди риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, гунаҳкорон мувофиқи кодекси маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида мешавад.
Дар ҷараёни музокирот намояндаи мардумӣ Юсуф Аҳмедов изҳор намуд, ки аксари волидайн тавассути телефонии мобилӣ аз рафти таҳсили фарзандон дар мактаб назорат мебаранд ва агар барои қабули чунин қонун зарурат пайдо гардида бошад, пас лозим аст, ки дар ҳама макотиби кишвар телефонҳои ҷамъиятӣ насб намуд. «Феълан дар соҳаи маориф масъалаи нарасидани омӯзгорон муҳимтар аст ва мо бояд ба ҳалли он кӯшем, на ба истифодаи телефонҳои мобилӣ», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, намояндаи мардумӣ Ҷумъабой Сангинов зикр кард, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҳамтоёни худ даъват ба амал овард, ки лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳоро дастгирӣ намоянд.
Бо аксари кулли овоз намояндагони палатаи поёнии парулмон тағйироти мазкурро маъқул шумориданд.
25 феврал 2009 / Имрӯз Президенти Тоҷикистон бо кадрҳои тозатаъини мақомоти милиса мулоқот орост
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми милисаро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарии шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуда, дар наздашон оид ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва кочоқи маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин дастур дод, ки талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро, ки аз паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои дигар бармеоянд, дастури амали худ намуда, пайваста баҳри баланд бардоштани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Таъкид гардид, ки ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан бояд ҳамеша раҳбару раҳнамои онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон бошад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
ОИ «Азия-Плюс»
10 феврал 2009 / Дар Душанбе реҷаи истифодаи барқ шадидтар мегардад
Шаҳрдории Душанбе бинобар муроҷиати иловагии ШСХК «Барқи тоҷик» аз 6-уми феврали соли 2009 ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми январи соли 2009 «Дар бораи риояи қатъии меъёри нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаю низоми маҳдудкунии он дар пойтахт» тағйироту иловаҳо ворид намуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ин тағйирот дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Зимнан, аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакорони нерӯи барқро ба роҳ монанд.
5 феврал 2009 / Аз қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко як сол пур мешавад, вале қотилон то ҳанӯз ёфт нашудаанд
Сардори Раёсати парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Додситонии кулли ҷумҳурӣ Баҳодур Ҳамидов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бинобар ҷустуҷӯи ҷинояткорон парванда боздошта шудааст. «Аммо тафтишот идома дорад ва гуфтан мумкин аст, ки мо дар самти дуруст қарор дорем», - гуфт ӯ ва афзуд, ки парвандаи ҷиноии мазкур таҳти назорат аст.
Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.
Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошта буд, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», - гуфта буд ӯ. Феълан М.Аҳмадов бо корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.
2 феврал 2009 / Дар ҷаласаи Шӯрои парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» баррасӣ шуд
Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии кишвар баргузор гашт.
Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи шӯро лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷлон ва ташкилотҳои динӣ», масъалаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия «Дар бораи таъсис ва фаъолияти маркази байнулмилалии таҳқиқотиву илмии «Помир-Чақалатай» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, масоили мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм, ки 11-уми феврал ба кор шурӯъ мекунад, пешниҳод гардид.
16 декабри 2008 / Дар Душанбе асоси институтсионалии мониторинги Стратеҷии камсозии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон муҳокима мешавад
Душанбе. 16 декабр. “Азия-Плюс”—Имрӯз дар Душанбе семинари дурӯза оид ба “Системаи мониторинг барои дастгирии Стратеҷии Камсозии сатҳи Камбизоатӣ (СКК) ва ҳисобот дар бораи татбиқи СКК барои соли 2007” оғоз ёфт.
Дар семинар, ки таҳти сарварии ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ мегузарад, намояндагони вазоратҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон ҳузур доранд, ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналхалқӣ низ иштирок доранд, ки дар татбиқи СКК бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.
Мувофиқи гуфтаҳои мураттибони ин чорабинӣ, мақсад аз ин семинар пешниҳоди системаи мониторинги СКК мебошад, ки дар асоси идораи натиҷаҳо ва муҳокимаи мақоми такмилсозии он амалӣ мегардад.
Ин система дар мувофиқат бо талаботи сохторҳои, ки мониторинги СКК-ро мегузаронанд, хусусан мониторинги барномаҳои рушди миллӣ ва минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ташкил ёфтааст.
Планируется обсуждение предложений по совершенствованию институциональной базы мониторинга ССБ. Дар рафти семинар мониторинги СКК , ки асоси институтсионалӣ дорад, сохтори муносиби институтсионалӣ ва тартиби танзими маълумоти аз мониторинг ба даст меомада, муҳокима мешавад. Инчунин, муҳокимаи пешниҳодот барои такмилсозии асоси институтсионалии мониторинги СКК ҳам, ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, 54 % аҳолии Ҷумҳурӣ берун аз хати камбизоатӣ қарор доранд.
09 декабр 2008 / Даъват ба муборизаи беамон бо коррупсия
Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Тавре мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дабири кулли СММ зикр кардааст, ки дигар ба низоми молиявӣ эътимоде намондааст, сатҳи вазифашиносӣ ва содиқияти бонкҳо зери шубҳа гузошта шуда, мардуми ҷаҳон аз пасандозҳое, ки тӯли солҳои зиёде захира карда буданд, маҳрум шуданд.
Пан Ги Мун, таъкид сохтааст, ки дар мамолики дар ҳоли рушд қарордошта ҳамасола бар асари ришваву фасод садҳои миллиард доллар масраф мегарданд, ҳол он ки ин маблағҳо барои беҳбуд ва рушди зерсохтор, бахши тандурустӣ, маориф ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бағоят заруранд. «Кишварҳо ба ин иллат имкон надоранд аҳолиро бо хизматрасониҳои заминавӣ таъмин сохта, ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ноил гарданд ва аз ин бармеояд, ки мардум аз истифодаи ҳуқуқҳои худ маҳрум мешавад», - гуфта мешавад дар паём.
Дабири кулли СММ ёдовар шудааст, ки тибқи муқаррароти Конвенсияи созмон оид ба мубориза бо коррупсия сирри бонкӣ дигар барои дарёфти дороиҳои дуздидашуда монеа буда наметавонад ва таъкид сохтааст, ки Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ айни замон барои баргардонидани маблағҳои чанде аз кишварҳо фаъолона кӯмак мекунад. «Коррупсия ниҳодҳои демократияро заъиф сохта, ба волоияти қонун латма мезанад ва барои ҷинояткорон баҳри роҳандозии фаъолияти ҷиноряткорӣ шароит фароҳам месозад», - афзудааст дабири кулли СММ.
26 ноябри 2008 / Сафири нави Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба Президент Эмомали Раҳмон бовариномаҳоро супурд
Сарвари Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Норбер Жустен ба Президент Эмомали Раҳмон бовариномаҳои хешро супорид.
Президент Эмомали Раҳмон ва Сарвари Намояндагии Комиссияи Аврупо Норбер Жустен робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дида баромаданд, ва дар ҷиҳати минтақавӣ ҳамкории Комиссияи Аврупоро ба Тоҷикистон низ муҳокима намуданд. Инчунин, оид ба зарурияти ислоҳоти дарозмуддати иқтисодӣ ва сиёсӣ, ҳам гуфтугӯ карданд.
Гуфтугӯи сиёсии ИА-Тоҷикистон пас аз пазируфтани стратеҷии ИА баҳри Осиёи Миёна ба андозаи бузург такмил ёфт, ки чанде қабл дар нишасти якуми Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар ш. Душанбе мегузашт, пазируфта шуда буд. Таҳкурсии вазоратии ИА-ОМ, низ ба ташаббусҳои ИА барои Осиёи Миёна дар ҳафтаҳои наздик оғоз хоҳад бахшид. Ин ташаббусҳо оид ба масъалаи волоияти қонун, ҳамкорӣ дар ҷиҳати захираҳои обӣ ва муҳити зист, ва оид ба маориф мебошанд.
Пешвориҳои(приоритетҳои) ҳамкории Комиссияи Аврупо нисбати Тоҷикистон солҳои оянда дар робитаҳои дуҷониба, бар ин соҳаҳо мутамарказ хоҳанд гардид: ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи тандурустӣ, пешрафти сектори шахсӣ, идораи маблағҳои давлатӣ, фаровардани сатҳи камбизоатӣ, ва инчунин дар миқёси минтақавӣ оид ба масоили идора кардани сарҳадҳо (БОМКА/КАДАП), ҳуқуқи инсон ва демократия (ТАДҲИ-ташаббуси Аврупо дар соҳаи демокоратия ва ҳуқуқи инсон) ва инкишофи соҳибкории хурд. Арзиши умумии имдоди КА дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб, аз 500 милён евро бештар аст.
Сарчашма: Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон.
24 ноябри 2008 / Дар Душанбе беҳтарсозии сифати барномаҳои назорат ва пешгирии ВИЧ/СПИД-ро дар Тоҷикистон муҳокима мекунанд.
“Азия-Плюс”-Рӯзҳои 24-25 ноябр дар Душанбе машғулият оид ба мушоҳида ва баҳодиҳӣ мегузарад, ки барои мутахассисони барномаҳо ва лоиҳаҳои назорат ва пешгирии ВИЧ/СПИД пешбинӣ шудааст.
Чуноне ки ба ”АП” дар БРСММ хабар доданд, машғулият аз ҷониби Маркази Ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, дар якҷоягӣ бо БРСММ/Лоиҳаи Истифодаи Грантҳои Бунёди Умумиҷаҳонӣ барои мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа,ташкил шудааст.
Мақсади асосии машғулият беҳтарсозии сифати барномаҳои назорат ва пешгирии ВИЧ дар Тоҷикистон, мебошад.
Дар кори барнома инҳо иштирок меварзанд: партнерҳо аз барномаву лоиҳаҳои, ки БРСММ/БИГ, кормандони марказҳои Ҷумҳуриявӣ ва Минтақавии мубориза бо СПИД, марказҳои пустӣ-сироятӣ, вазорати мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон, ва кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ.
Пас аз анҷоми машғулият иштирокчиён нақшаҳои мониторинг ва баҳодиҳиро тартиб медиҳанд, то татбиқи лоиҳаҳои назорат ва пешгирии ВИЧ/СПИД муфидтар гардад ва доираи фарогирии гурӯҳҳои зарармедида низ вусъат ёбад.
Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти вазорати тандурустӣ, ба моҳи октябр дар Тоҷикистон расман 1333 ВИЧ-сироятшуда ба қайд гирифта шудаанд.
19 ноябри 2008 / ДАР СУҒД ЛОИҲАИ “ИШТИРОКИ МАРДУМ ДАР ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ШИКАНҶАҲО”, ОҒОЗ МЕШАВАД.
“Азия-Плюс”-/Мавлуда Рофиева/-Дар вилояти Суғд татбиқи лоиҳаи “Иштироки мардум дар пешгирӣ кардани шиканҷаҳо” аз ҷониби Иттиҳодияи Ҷамъиятии “Ташаббуси инкишофи деҳотӣ” (RDI) оғоз гашт, ки дар ҳамкорӣ бо Институти ҷамъиятӣ “Ҷавонон ва тамаддун”, ва дастгирии пулии Ташаббуси Аврупоӣ оид ба демократия ва тараққиёт (EIHDR), сурат мегирад. Чуноне ки мутахассиси иттилоотии Институти “Ҷавонон ва тамаддун” Шероз Шарипов ба “АП” хабар дод, мақсад аз ин лоиҳа мусоидат ба мурофиаи одилонаи судӣ барои пешгирӣ кардани шиканҷаҳо тавассути фаъолсозии машваратчиёни мардумӣ мебошад.
Ба гуфти ӯ лоиҳа пешбинӣ мекунад гузаронидани чорабиниҳои маълумотӣ-маърифатӣ ва равшангароиро барои бардоштани дараҷаи дониши ҳуқуқӣ ва мурофиавии машаваратчиёни мардумӣ, барои афзудани малакаи онҳо дар муайянсозии далелҳои шиканҷа дар рафти муҳокимаи судӣ, барои фаъолсозии машваратчиёни мардумӣ дар рафти муҳокимаи парвандаҳои ҷиноӣ. “Ғайр аз ин, дар нақша ҳаст, ки машаваратчиёни мардумии вилояти Суғд додугирифти таҷриба ва малакаҳо кунанд ва иштироки ҷамъиятӣ дар рафти муҳокимаҳои судӣ афзояд.”,-қайд намуд сарчашма. Ш. Шарипов илова кард, ки зинаи хотимавии лоиҳа мешавад сохтани Асотсиатсияи машваратчиёни мардумии вилояти Суғд, ки бояд мусоидат кунад ба таъмини иттилоотӣ-техникии машваратчиёни мардумӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар муҳокимаи корҳои ҷиноӣ. “Лоиҳа дар доираи гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-судӣ, амалӣ мешавад”,- гуфт ӯ.
Маълумот: ОО RDI дар доираи Ташаббуси инкишофи водии Фарғона, 13 августи соли 2004, созмон шуда буд. ОО RDI тавоноии таҳлилӣ ва методологии бузург дорад, дар татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта дар водии Фарғона. Институти ҷамъиятӣ “Ҷавонон ва тамаддун”-созмони ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ ва ҳифзиҳуқуқӣ мебошад, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони муҳофизи ҳуқуқ дар соли 2001 сохта шудааст. Мақсади ин институт: мусоидат ба пешрафту инкишофи устувори ҷомиаи шаҳрвандӣ, ба воситаи дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо.
19 ноябри 2008 / ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ЛОИҲАИ ҚОНУНРО “ОИД БА ДОНОРИИ ХУН”, ДИДА БАРОМАД
Душанбе. 18 ноябр. “Азия-Плюс”-/Баҳром Маннонов/-Лоиҳаи қонуни ҶТ “Оид ба донории хун ва таркиби он” дар нишасти навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (МН МО) ҶТ, дида баромада шуд, ки рӯзи душанбе таҳти роҳабрии раиси палата Сайдулло Хайруллоев гузашт. Ғайр аз ин, чуноне ки котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба “АП” хабар дод, дар нишаст лоиҳаҳои ислоҳот ба қонунҳои амалкунандаи ҶТ “Оид ба геодезия ва картография”, “Оид ба мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ”, “Оид ба қайди давлатии мақоми шаҳрвандӣ” ва “Оид ба боҷи давлатӣ” низ, дида баромада шуданд.
Ба гуфти ӯ, аъзоёни Шӯро ҳамчунин масъалаи қабули Созишнома байни ҳукумати ҶТ ва ҶМХ-ро муҳокима намуданд, ки оид ба пешгирии андозбандии думаротибагӣ ва пешгирӣ кардани саркашӣ аз пардохти андози даромад ва сармоя мебошад. “Қисми масъалаҳои муҳокимашуда ба кумитаҳои палата барои хулосагирӣ равона шуданд, ва қисми дигар бошад маслиҳат шуд барои гузоштан дар рӯзномаи нишасти навбатии сессияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи чоршанбе, 26 ноябр мегузарад.”,-гуфт сарчашма.
14 ноябри 2008 / Дар Душанбе Қонун “Оид ба сирри тиҷоратӣ”-ро муҳокима менамоянд.
«Авеста». - | Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон, силсилаи семинарҳоро оғоз кард, ки ба муҳокимаи Қонуни ҶТ “Оид ба сирри тиҷоратӣ”бахшида шудааст. Аз ин бора дар пайғоми БРСММ дар ҶТ гуфта мешавад.
Чорабиниҳо дар чаҳорчубаи амалигардонии Лоиҳа оид ба шаффофӣ ва ҳисоботдиҳӣ, дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (Палатаи поёнии парлумон), гузаронида мешаванд.
Мақсади гузаронидани ин семинарҳо: ба таври умумӣ маълум ва кушода будани фаъолияти органҳои давлатӣ; таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат; бохабар будани шаҳрвандон оид ба фаъолияти органҳо ва созмонҳо; қонунӣ ва бовариноку саҳеҳ будани иттилои, ки метавонад ба дорандаи он фоида орад, ё мақоми ӯро дар бозор муайян созад; ҳифзи ҳуқуқ ба иттилоот.
Дар кори шуниданҳои ҷамъиятӣ намояндаҳои созмонҳои байналхалқӣ, муассисаҳои маҳаллӣ ва марказии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо, инчунин намояндаҳои қисмати шахсӣ ва ВАй, иштирок меварзанд.
Дар пайғом гуфта мешавад, ки чорабиниҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғон-Теппа ва Турсунзода мегузаранд.
03 ноябр 2008/ Тоҷикистон ваъда медиҳанд, ки ҷомиаи шаҳрвандиро тавассути фармоишоти иҷтимоии давлатӣ дастгирӣ хоҳанд намуд.
Аъзоёни Парлумони Тоҷикистон аз рухсатиҳо баргашта фаъолияти хубе нишон доданд, ва дар давоми ду ҳафта қариби бист қонунро тасдиқ намуданд, ки дар байни онҳо қонун “Оид ба фармоишоти иҷтимоии давлатӣ” мебошад.
Қабули ин қонун мазмуни онро дорад, ки аз соли 2009 сар карда, ҳангоми тартибдиҳии буҷети давлатӣ, қисмати нави сарфи маблағро пешбинӣ хоҳадн кард—маблағгузории фармоишоти иҷтимоии давлатӣ. Маблағгузорӣ аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллии Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон бо ноҳияву шаҳрҳояшон, низ амалӣ мешавад.
Чуноне ки вакилон дар нишасти навбатии маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон) арз намуданд, қонун қабул мешавад ба мақсади ҳал сохтани масоили аҳамаияти иҷтимоидошта, ҳамкорӣ дар ҳалли баъзе вазифаҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти шаҳрвандон ва беҳтарсозии ҳолат дар соҳаҳои муайян. Баҳри ҳамкорӣ бо давлат ва барои фаъолияти муайян шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд, новобаста ба шакли моликият ва мақоми ташакилотӣ-ҳуқуқиашон.
Матни пурраи ин мақоларо метавонед дар ин ҷо хонед: http://www.vof.kg/tj/news/?news=1871
Валентина Касымбекова,
Voice of Freedom, Душанбе, Тоҷикистон
02 ноябри 2008 / Ба адвокатҳои Тоҷикистон дар иҷроиши корашон халал мерасонанд.
Дар сарқонуни Тоҷикистон “Оид ба адвокатура” бо қисми алоҳида нишондод шудааст, ки адвокати ҳуқуқи қонунии шаҳрвандонро ҳимоякунанда, ҳақ дорад, ки бо мизоҷи хеш бемонеа дар танҳоӣ муошират кунад, махфӣ ва бе маҳдудияти вақтӣ, ҳамчунин бо шахсоне ки дар ҳабс қарор доранд. Ҳамчунин қонун мустақилии адвокатро пешбинӣ мекунад, ки ӯ бояд танҳо ба қонун итоат намояд ва ба таври хаттӣ ва даҳонӣ озодии сухан дорад.
Органҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор вазифадор ҳастанд, ки ба адвокат имконияти ёрии ҳуқуқӣ доданро таъмин намоянд, ҳуқуқи онҳоро риоя кунанд. Қонун барои сохтани монеаҳои ғайриқонунӣ дар роҳи кор ва фаъолияти адвокат, беҳурматӣ ба адвокат, ҳатто ҷазо пешбинӣ намудааст.
Аммо дар амал ин қонунҳо на ҳамеша иҷро мешаванд. Адвокат, ки ҳуқуқи шахсони алоҳидаи воқеиро ҳифз мекунад, бештари вақтҳо дар мурофиаи судӣ қасдан дар мақоми нобаробар гузошта мешавад.
Шӯҳрат Азизов,
Voice of Freedom, Душанбе, Тоҷикистон
http://www.vof.kg/tj/publications/?publications=418
28 октябр 2008 / Собиқ пулиси афғон дар Душанбе гуруснанишинӣ эълон кард
Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрванди Афғонистон, ки чун гуреза дар Тоҷикистон қарор дорад, дар назди бинои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар пойтахти Тоҷикистон гуруснанишинӣ эълон кард.
Ба қавли Муҳаммад Вазир, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худро чун собиқ афсари идораи пулиси Вазорати умури дохилии Афғонистон муаррифӣ кард, кормандони дафтари Идораи комисариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон (UNHСR)дар шаҳри Душанбе ба тақдири оилаи ӯ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозанд ва ба нишони эътироз ӯ ба чунин амал даст задаст.
Номбурда дар идомаи сӯҳбат чунин баён дошт: «Ҳагоми кор дар Афғонистон бо мусоидати ман се маротиба роҳбари яке аз гурӯҳҳои террористӣ боздошт гардид, вале бо дахолати хешовандонаш ӯ ҳар се дафъа ҳам аз муҷозот эмин монд. Пас аз озод шудан аз маҳбас ӯ ҳамеша ба ман ва оилаам таҳдид мекард ва мо маҷбур шудем, ки баҳори соли равон ба Тоҷикистон гуреза шавем».
Ба қавли собиқ афсари пулис, ӯ якчанд маротиба аз сохторҳои СММ, аз ҷумла UNHСR дархост кардааст, ки ба рафтани ӯ ва оилааш ба кишвари саввум мусоидат намоянд, зеро дар Тоҷикистон ҳам қарор доштани ӯ бехавф набудааст. «Вале мансабдорони СММ ба ҷойи мусоидат, ба ман гуфтанд, ки аз раҳбарияти Тоҷикистон дархост хоҳанд кард, ки маро бозпас ба Афғонистон фиристанд», - гуфт ӯ.
Ӯ таъкид сохт, ки айни замон бекор аст ва зану фарзанадонаш беморанд. Муҳаммад Вазир афзуд, ки то замони дар назди қонунгузории байнулмилалӣ ҷавоб гуфтани кормандони раёсати СММ гуруснанишинӣ хоҳад кард. «Субҳи имрӯз кормандони UNHСR ба назди ман омада, дархост карданд, ки ба гуруснанишинӣ хотима диҳам ва сипас онҳо масъалаи маро баррасӣ мекунанд, - идома дод ӯ. - Вале ман ба ваъдаҳои онҳо бовар надорам, зеро тӯли ним сол аст, ки онҳо танҳо ваъда медиҳанду халос».
Ба ҳукуматдорони Тоҷикистон Муҳаммад Вазир ҳеҷ даъвое надорад. Гузашта аз ин, барои ба оилаи ӯ додани мақоми гуреза аз раҳбарияти ҷумҳурӣ миннатдор аст.
Дар шарҳи қазияи мазкур роҳбари дафтари Идораи комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе Иля Тодорович изҳор дошт, ки ӯ бо Муҳаммад Вазир дирӯз мулоқот карда, ба ӯ ва оилааш кӯмаки молӣ ва тиббӣ ваъда кардааст, вале ӯ аз он даст кашидааст. «Ба ҳар ҳол, ба ман муясаар гашт, ки ӯро розӣ кунам то фарзандонашро ба хона барад», - гуфт ӯ.
Ба қавли И.Тодорович, мувофиқи тартиботи ҷорӣ дар СММ, онҳо имкон надоранд, ки дарҳол дар рӯзи дуввуми муроҷиат ба гурезагон кӯмак расонанд. «Вале мо мувофиқи имконоти мавҷуда ва дар чаҳорчӯбаи барномаҳои СММ, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба мушкилоти Муҳаммад Вазир ва оилаи ӯ расидагӣ кунем», - афзуд ӯ.
Роҳбари дафтари Идораи комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе афзуд, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон ба ин идораи СММ 1001 нафар гурезагон муроҷиат кардаанд, ки 99 дарсади онҳоро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд ва ин шумор дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар бештар аст.
21 октябр 2008 / Ҳ.Зарифӣ роҳбари намояндагии Комиссияи Аврупо ва сарвари шӯъбаи СММ ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмонро ба ҳузур пазируфт
Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ директори департаменти Созмони Милали Муттаҳид ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмон Петер Виттигро ба ҳузур пазируфт.
Аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории дуҷониба ва масъалаи ҷалби сармоягузории Олмон ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботу амният дар Афғонистон табодули назар намуданд.
Худи ҳамин рӯз Ҳ.Зарифӣ бо роҳбари намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Норберт Жустен низ мулоқот кард. Н.Жустен ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳоро супурд. Ҳ.Зарифӣ Н.Жустенро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфт. Дар мулоқот Ҳ.Зарифӣ ва Н.Жустен маҷмӯи васеи масоили муносиботи дуҷонибаи Комиссияи Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
П.Виттиг ва Н.Жустен дар кори конфронси дурӯза таҳти унвони «Идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз мегардад, иштирок мекунанд.
21 октябр 2008 / Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба манъи шеваи салафии намозгузорӣ дар масҷидҳо даъват кардааст
Душанбе. 21-уми октябр - Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба манъи шеваи салафии намозгузорӣ дар масҷидҳо даъват кардааст.
Қобилҷон Боев, мудири бахши фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, гуфт, ин тасмим ахиран дар як нишасти Шӯрои уламо эълон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибдорони фирқаи салафиро мебояд дар масҷидҳои кишвар намозро бо шеваи ҳанафӣ гузоранд ва дар сурати саркашӣ беҳтар аст, ки масҷидро тарк кунанд.
Ҳамзамон яке аз намояндагони салафиҳо Раҳматулло Раҳматуллоев чунин тасмими Шӯрои уламои исломии кишварро мухолифи қонунҳои дунявӣ ва шариатӣ хондааст ва талаб кардааст, ки мақомот барои сохтани масҷиди салафиҳо дар ягон гушаи пойтахт замин ҷудо кунад.
20 октябр 2008 / Ба журналистони тоҷик ҳуқуқҳо ва дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилоотро меомӯзанд
Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои рӯзноманигорони васоити ахбори умумии марказӣ ва минтақавӣ семинар-тренинг дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳуқуқҳо ва дарки масъулият» ба кор шурӯъ мекунад.
Тавре котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинарро Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо дастгирии молиявии шӯъбаи «Интернюс Нетворк Инк.» дар Тоҷикистон баргузор мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, тренинги мазкур барои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, огаҳии комил аз ҳуқуқҳои худ, андӯхтани донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии рафтор дар вазъи гуногуни дастрасӣ ба иттилоот, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба омӯзиш ва риояи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва ширкати фаъолонаи онҳо дар баррасии ин мавзӯъ равона гардидааст.
«Таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки сатҳи омодагии касбӣ ва заминаи ҳуқуқии рӯзноманигорон дар дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилооти расмиву ғайрирасмӣ, истифодаву таҳқиқи он ба талаботи имрӯзаи фаъолияти босамар дар соҳаи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ нестанд», - гуфт П.Нуров.
18 октябр 2008 / Дар минтақаи Кӯлоб барои нахустин бор аз болои судя парвндаи ҷиноӣ боз шуд
18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раёсати минтақавии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Кӯлоб нисбат ба аъмоли судяи ноҳияи Темурмалик Абдуқодир Валиев парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Тавре роҳбари раёсат Музаффар Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 316, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Баромадан аз ҳадди ваолати мансабӣ) оғоз гардидааст.
Аз шарҳи ҷузъиёти дигари парванда номбурда худдорӣ карда, танҳо изҳор дошт, ки барои гузаронидани тафтиш муфаттиши варзидаи Агентии мубориза бо фасод даъват карда шудааст. «Дар минтақа барои нахустин бор аз болои судя парвандаи ҷиноӣ боз шуд», - афзуд ӯ.
15 сентябр 2008 / Бюрои СБША дар ҶТ вохӯрии пешакиро мегузаронад оид ба меъёри инсонӣ, ки ҳар сол пеш аз вохӯрии Варшавагӣ рӯй медиҳад
“Азия+Плюс”- Бюрои СБША дар ҶТ вохӯрии пешакиро мегузаронад оид ба меъёри инсонӣ, ки ҳар сол аз вохӯрии Варшавагӣ пеш рӯй медиҳад ва ин вохӯрӣ барои сохторҳои давлатӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии ҶТ мебошад.
Чуноне ки Бюрои СБША ба “АП” хабар дод, вохӯрӣ 12 сентябр дар бинои давлатии “Кохи Ваҳдат” анҷом хоҳад ёфт.
Ҳамчунин сарчашма иттило дод, ки пас аз анҷоми вохӯрӣ, 12 сентябр соати 16:10, конфронси матбуотӣ мешавад, ки ба ҳуқуқи инсон ва вохӯрии ҳарсола оид ба меъёри инсонӣ бахшида шудааст. Дар конфронси матбуотӣ чунин масоил муҳокимаву баррасӣ мешванд: мурофиаи одилонаи судӣ, шаффофии қонунгузорӣ, демократия, интихоботи озоду равшан.
Дар конфронси матбуотӣ намояндагони Бюрои СБША дар Тоҷикистон, сохторҳои давлатӣ ва ҷомиаи шаҳрвандӣ иштирок хоҳанд кард.
18 июл 2008 / Дар арафаи нишасти СҲШ чорабиниҳои таъмини амният дар Душанбе пурзӯр карда мешаванд
Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар арафаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба низоми пурзӯри фаъолияти хидматӣ гузаронида шуданд.
Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки чорабиниҳои иловагии таъмини амният асосан дар шаҳри Душанбе амлӣ гардида, шумораи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маротиб зиёд карда мешавад.
«Дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои асосии маркази пойтахт манъ гардида, дар ин бора тавассути васоити ахбори умум ронандагон огоҳ карда мешаванд», - таъкид сохт сарчашма. Бино ба иттилои манбаъ, то 10-уми сентябр рухсатиҳои меҳнатии кормандони мақомот мавқуф гузошта шудааст.
«Интизор меравад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ шумораи меҳмонон аз ҷумлаи ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони ВАО ба беш аз панҷ ҳазор нафар хоҳад расид», - изҳор дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 27-28-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ доир мегардад. Дар нишаст ба ҷуз сарони кишварҳои «шашгонаи Шанхай» (Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон) ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон - Эрон, Покистон, Муғулистон, Ҳиндустон ва меҳмонони даъватшуда - президентони Туркманистону Афғонистон низ ширкат хоҳанд варзид.
28 июл 2008 / Дар Тоҷикистон ба баргузории санҷиши фаъолияти бахши соҳибкории хурду миёна мораторий эълон шуд
Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006 дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёна манъ карда шуданд.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадаф аз фармони мазкур дастгирии рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон аст.
Ба иттилои манбаъ, мораторий ба муддати ду сол эълон гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи фармон, мораторий нисбат ба санҷишҳое, ки мувофиқи қонунгузорӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ гузаронида мешаванд, татбиқ намегардад.
«Ба мақомоти санҷишии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд, - изҳор дошт манбаъ. - Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати се моҳ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба нишондодҳои фармони мазкур мутобиқ гардонида, лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро мувофиқи фармон таҳия созад ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд».
2 июл 2008 / Дар Хоруғ Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид
Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Хоруғ бо иштироки раиси вилояти ВМКБ , мақомоти шаҳрдорӣ , вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ва як қатор намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони вилоят Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо Маҳмадасламов ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид.
Мувофиқи он бояд то 14-уми июли соли равон ҳамаи аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоорида шавад.
Дар санад аз аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда мешавад. ки ҷиҳати татбиқи чораҳои ҳукумат ба хотири эътидоли вазъ дар минтақа дастгирӣ карда шавад.





