Дар бораи лоиҳа
Сайти “Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани иқтидори СҒД дар гузаронидани мониторинги ҳуқуқи инсон” ташкил шудааст. Ин лоиҳаро Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва иҷроиши қонуният дар ҳамкорӣ бо Бюро оид ба муассисаҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БОМДҲИ/СБША), амалӣ менамояд. Дастгирии пулии лоиҳа аз тарафи Агентии Канада оид ба тараққиёти байналхалқӣ ва ҳамкорӣ ба амал меояд.
Мақсади лоиҳа тақвият бахшидан ба нақши ҷавонон (роҳбарон) дар созмонҳои ғайридавлатӣ ва баланд бардоштани саҳмгузории онҳо дар фаъолияти амалӣ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.
Лоиҳа як силсила семинарҳои маърифатиро пешбинӣ менамояд, барои намояндаҳои СҒД аз минтақаҳои Тоҷикистон (ВМБК, Суғд, Хатлон), оид ба ҳуқуқи инсон, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, мониторинги ҳуқуқи инсон ва стратегияҳову усулҳои фаъолияти СҒД ҳифзи ҳуқуқ.
Ҳамчунин дар доираи лоиҳа сохтани портали ахборотӣ пешбинӣ шудааст, ки перомуни ҳуқуқи инсон хоҳад буд, ва ҳар шахси шавқманд метавонад аз он дар мавриди вазъи ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, оид ба фаъолияти созмонҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ, ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ, ва дигар ахбори муфидро ба даст оварад. Намояндагони СҒД метавонанд дар сайт оид ба фаъолияти худ ва лоиҳаҳои амалишавандаашон маълумот гузоранд, ва ҳамчунин барои манфиати ҳифзи ҷомиа ва дарёфти таҷриба метавонанд додугирифти ахбору малакаро низ ба роҳ монанд.






