Ҳисобот ва тадқиқот оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Лавҳаи ҳисобот ва тадқиқот оид ба ҳуқуқи инсон маводи гуногунро дар бар мегирад: ҳисоботи мониторингҳо, тадқиқот ва дигар ҳуҷҷатҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмонҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ гузаронида мешавад. Бисёр созмонҳои ғайридавлатӣ дар доираи фаъолияти худ маводҳои гуногунро омода месозанд оид ба риояи ҳуқуқи инсон, аммо на ҳама инмкон доранд, ки натиҷаҳои кори худро васеъ пахш намоянд. Мақсади ин сарлавҳа дар он аст, ки доираи васеи одамон бо кори созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳқиқотҳои мавзӯӣ дар ин соҳа, шинос гарданд.
Ҳамаи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро, ки ба ҳамкорӣ шавқманданд, даъват менамоем. Агар шумо мехоҳед, ки ахбор дар бораи фаъолияти худ ва интишоратонро дар сайти мо ҷой диҳед, бо нишонии bhr.taj@gmail.com ба мо муроҷиат намоед.