Идораҳои Давлатии Тоҷикистон
Дар ин шӯъба барои шумо нишониҳои муфид ба сайтҳои идораҳои давлатӣ, ва сайтҳои созмонҳои милливу байналхалқӣ ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин дар ин ҷой шумо нишониҳо ва василаи алоқаи сафоратҳо дар Тоҷикистонро дарёфт намуда метавонед:
Кумитаи омори ҶТ - www.stat.tj
Сайти расмии Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - www.parlament.tj
Сайти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - www.prezident.tj
Сайти сафорати ФР дар ҶТ. Навидҳо. Интишорот. Арзҳои расмӣ: http://tajikistan.ru/
Сайти расмии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркиё-
http://www.tajikembassytr.com
Донишкадаи такмили ихтисоси касбӣ дар ВМБК-
http://www.ipd-gbao.org
Рузномаи электронӣ - http://www.tribun.tj
Агентии низоми алоқа дар назди Вазорати Алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон(минбаъд-Агентӣ) http://arc.tj
Сайти расмии Бонки Миллии Тоҷикистон. Дар сайт арзиши расмии асъор, ахбор оид ба бонк, ҳуҷҷатҳои нормативӣ, интишорот. http://www.nbt.tj
Вазорати Корҳои Хориҷӣ ҶТ - http://www.mid.tj
Вазорати Иқтисод ва Савдо ҶТ- http://www.met.tj
Ахбор оид ба сафортаҳои Тоҷик http://www.geocities.com/tajikistanembassies
Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.tpp.tj/
Лоиҳаи Tajik Country Gateway http://www.tajik-gateway.org
СҒД оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Веб-сайти ахборӣ-таҳлилӣ “Ҷомиаи шаҳрвандӣ” дар назди кумитаи Ҷомиавии дастгирии равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон сохта шудааст.
http://www.civil-taj.info
Иттиҳодияи Ҷамъиятии “Маркази табаддулоти демократӣ”
http://www.npp.tj
Маркази сиёсати гендерӣ
Маркази сиёсати гендерӣ бо масоили гендер дар Тоҷикистон машғул аст.
http://www.ravzana.tj
Маркази Хуҷандии Занон “Гулрухсор”
http://www.gulruhsor.tj
Бунёди дастгирии маълумоти касбӣ ва омӯзиш
http://www.vetsf.tj/
СҒД “Асотсиатсияи хатмкунандагони барномаи мубодиали толибилмони ИМА ва Тоҷикистон-ТаҷАл”
http://www.tajal.tj/
Донишкадаи Ҷамъиятӣ “Ҷавонон ва тамаддун”
http://www.youthrights.tj
http://www.humanrights.tj
Иттиҳодияи Ҷамъиятии Баӣналхалқии Хайриявӣ “Ҷовид” http://www.jovid.tj/
Алянси Тоҷикии Танзими Оила
http://www.tfpa.tj
Бунёди Тоҷикистон
Маркази “Муҳоҷират ва Қонун” ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Москва(Русия) ҳастанд мадад мекунад.
http://www.tajfond.ru
Маркази хабарӣ ва манбаъҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ
http://www.migrant.tj
Маркази илмӣ-истеҳсолӣ Ҷамъияти ношунавоёни ҶТ
http://www.spc.tj/
Шабакаи журналистии ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон
www.hrjn.tj
Асотсиатсияи миллии ВАУ-и мустақили Тоҷикистон
www.nansmit.tj
Маркази хабарӣ- машваратии меҳнат
http://www.legal-club.tj
Маркази ахбор ва ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи инсон
http://www.tjhr.tj/
Бунёди хайрияи “Шӯълаи умед”
http://www.suf.tj/
Ҳифзи ҳуқуқи кудак дар Тоҷикистон
http://www.socialpolicy.freenet.tj/
БТСММ дар Тоҷикистон
Дар сайт маълумоти кутоҳ оид ба Тоҷикистон, ҳисобот дар бораи тараққиёти инсонӣ дар Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
http://www.undp.tj
Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Сулҳ (UNTOP)
http://www.untop.org/index.php?id=1
Барномаи алоқамандии ҷаҳонӣ ва ивази ахбор барои Тоҷикистон http://www.connect.tj/en/files/RISOLNewsNov05_ru.pdf
Дарсҳои шаҳрвандшиносӣ
http://www.admcity.attack.ru/~fund/civics/lessons/listJ-.htm
Дар ин сайт як силсила дастурамалҳои методӣ оид ба шаҳрвандшиносӣ ҳастанд—тарҷумаи русӣ аз эҷодиёти омӯзгорони амрикоӣ. Нақшаҳои дарсӣ ва нақшбозиҳо низ ҳастанд.
Елена Батенкова. Шаҳрвандшиносӣ чист?
http://www.geocities.com/Athens/Pantheon/4548/book/main.htm
Тасвири татбиқи дастурҳои методии Маркази Ҷавонон оид ба Ҳуқуқи Инсон—ҳатто дастнависи дарсҳо ҳаст.
Раванди қонунгузорӣ дар Русия: шаҳрвандон ва ҳукумат
http://www.internews.ras.ru/cip/duma/preface.htm
Ин дастур ба таври мухтасар ва ҷиддӣ оид ба қонунгузорӣ маълумот медиҳад.
Китобхона оид ба ҳуқуқи инсон, Донишгоҳи штати Миннесота http://www.umn.edu/humanrts
Дар сайт ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва дигар маводи муфид ёфтан мумкин аст (ба забонҳои англисӣ, испанӣ, фаронсавӣ, русӣ ва арабӣ). Саҳифаи асосӣ ва нишондод барои истифодаи китобхона дар ин ҷо ҳастанд: http://www1.umn.edu/humanrts/Rindex.html
Ҳисоботҳои даврии ФР ва дигар кишварҳои ДММ, эзоҳи хулосавии Кумита ба ин ҳисоботи даврӣ, қоидаҳои маросими идораҳои созишномавӣ, тавсияҳои умумӣ ва мушоҳидаҳои умумӣ дар ин ҷо ёфта мешаванд: http://www1.umn.edu/humanrts/russian/Run-orgs.html
Ғайр аз ин дар сайт китобҳои дарсии гуногун ҳастанд дар мавзӯи таълим, назорат ва риояи ҳуқуқи инсон, ҳуҷҷатҳои СБША, интишори Идораи Комиссари Олии СММ оид ба инсон, аз силсилаи “Изҳори далелҳо”, китобчаҳои иттилоотии ИКСММОБИ, қарорҳои Кумита оид ба ҳуқуқи инсон ва Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон нисбати ҳисобот алайҳи Федератсияи Русия.
Маркази виртулаӣ барои созмонҳои ғайритиҷоратӣ
http://www.trainet.org/
Ин лоиҳа сохтани маркази виртуалиро пешниҳод менамояд, ки ҳамаи сарчашмаҳои хабариро фароҳам биёрад барои марказҳои таълимӣ ва тренер-машваратчиён—китобхонаи электронӣ, маълумот оид ба маблағгузорӣ ва инкишоф, коркарди маводҳо барои машғулиятҳо, рӯйхати хидматгузориҳои созмонҳо ва ғ.
Маркази маълумоти иқтисодӣ (Владивосток)
http://www.fecee.vladivostok.ru
Марказ барои қонеъ кардани талаботи таълимотии шаҳрвандон дар дарёфти дониши иқтисодӣ ва такмили бардавоми ихтисос бо барномаҳои гуногуни маълумоти иловагӣ, ки барои мувофиқат ба шароити муосири иқтисодӣ заруранд.
Созмонҳои байналхалқӣ
Созмони Милали Муттаҳид http://www.un.org/russian/
Шӯъбаи русии сайти СММ матнҳои зиёда аз 60 ҳуҷҷати муҳими байналхалқиро дорад, ки оид ба ҳуқуқи инсон ҳастанд. Инчунин ин манбаи хуб аст барои дастрас намудани ҳамаи резолютсияҳои Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Бехатарии СММ, ки солҳои охир пазируфта шудаанд, ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ.
Сайти Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон http://www.unhchr.ch/
Сайт перомуни фаъолияти СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ахбороти пурратар пешниҳод мекунад, аммо мутассифона нусхаи русзабони он ҳоло сохта нашудааст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои кушодаи навтарини идораҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳисоботҳои кишварҳо ва мулоҳизаҳои хулосавии кумитаҳо нисбати ин ҳисоботҳо низ, дар ин сайт дарёфта мешаванд. Дар ин сайт метавон бо омори шикоятномаҳо шинос шуд, ва инчунин аз намунаи варақа барои навиштани шикоятнома истифода бурд.
ЮНЕСКО http://www.unesco.org/general/rus/
Саӣт ба ҳуҷҷатҳои англисӣ ва фаронсавӣ роҳнамои русӣ дорад. Дар сайт тавсифу матни маросими дидани шикоятномаҳои аз тарафи Шурои Иҷроияи ЮНЕСКО тасдиқшуда, дарҷ гардидаанд(104 EX/Қарори 3.3).
ЮНИФЕМ http://www.unifem.org
Сайт ба фаъолияти ЮНИФЕМ бахшида шудааст. Танҳо нусхаи англисӣ дорад. Агар мехоҳед дар бораи фаъолияти ЮНИФЕМ дар кишварҳои ДММ донед, метавонед ба ин нишонӣ равед: http://www.unifemcis.org. Инчунин оид ба кори ЮНИФЕМ метавонед аз ин саҳифа низ шинос шавед: http://www.nasilie.net Дар ин сайт ахборот оварда шудааст оид ба лоиҳаҳои минтақавии ЮНИФЕМ барои маҳви зуроварӣ ба занон дар доираи ДММ. Ҳамчунин дар ин сайт саҳифаҳо ҳастанд оид ба ҷумҳуриҳои ДММ: ҷойгирии географии ҷумҳурӣ, хосияту вазъияти сиёсӣ ва масъалаи зуроварӣ бар занон.
Шӯрои Аврупо http://www.coe.int/
Сайт танҳо нусхаҳои англисӣ ва фаронсавӣ дорад, аммо дар он матни ҳамаи шартномаҳои Шӯрои Аврупо ва ахбор оид ба тасдиқи онҳоро низ дарёфт карда мешавад. Барои истифода манбаи ахбории электронӣ кушода шудааст, бахшида ба амсоли судии Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон. Инчунин ахбор ҳаст дар бораи фаъолияти Шурои Аврупо ва сохторҳои он дар ин соҳа.
Бунёди Аврупоии Маориф (БАМ) http://etf.eu.int
Бунёди Аврупоии Маориф(БАМ), ки барои табодули таҷриба ва дониш дар соҳаи маорифи касбӣ ва таълимот байни минтақаҳо ва фарҳангҳои гуногун хидмат мекунад, ба одамон дар инкишофи малакаҳои касбӣ ёрӣ медиҳад, ва бо ин роҳ иштирок менамояд дар беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолӣ, мақоми шаҳрвандии аҳолӣ дар ҷомиаи демократӣ, ки бар эҳтироми ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ сохта шудааст. Дар сайт ахбор оид ба фаъолияти Бунёди Аврупоии Маориф ва лоиҳаҳои он дарҷ гардидааст. Инчунин дар сайт форуми Машваратӣ амал мекунад, чун шабакаи табодули ахбор барои додугирифти таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сиёсат ва ислоҳоти таълимоти касбӣ бо кишварҳои давраи гузариш ва байни ин кишварҳо.
Созмон оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо http://www.osce.org/
Сайт имкон медиҳад, ки бо фаъолияти ҷории Созмон ва идораҳои он, интишороти СБША ва дигар ахбор шинос шавед.
“Амнистияи байналхалқӣ” http://www.amnesty.org/
Дар сайт маълумот оид ба созмон ва амалиётҳову чорабиниҳои ҷории он барои ҳифзи маҳбусони сиёсӣ, ва инчунин маҷмӯаи ҳуҷҷатҳову ҳисоботҳои “Амнистияи байналхалқӣ”дарҷ гардидааст. Дар моҳи ноябри соли 2000 сайт ба забони русӣ маводе надошт.
Human Rights Watch (Посдори Ҳуқуқи Инсон) http://www.hrw.org/russian/
Мақсади асосии сайт—инъикоси мақоми созмони ғайридавлатии байналхалқӣ дар мавриди масоили муҳими вайронсозии ҳуқуқи инсон. Дар сайт ҳуҷҷатҳои созмон(пайғом барои воситаҳои ахбор, ҳисоботҳо, номаҳои кушод ва ғ.) дастрас ҳастанд, ҳамчунин ба забони русӣ.
Федератсияи Байналхалқии Хелсинкӣ http//:www.ihf-hr.org/ ё helsinky@ping.at
Дар сайт бо муроҷиатҳо, аризаҳо, ҳисобот оид ба вайронсозии ҳуқуқи инсон, ва фаъолияти Федератсияи Хелсинки ва кумитаҳои маҳаллиаш шинос шудан мумкин аст.
Комиссияи шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқи инсон http://www.null.ru/pages/cchr/
Сайт ба сабаби асосии ташвиши Комиссия—қонуншикании психиатрӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахшида шудааст. Дар сайт мақолаҳо доир ба ин мавзӯ ва маводи парванда ба зидди ҷамъияти "Сэнтуар", оварда шудаанд. Фаъолияти ин комиссия бар фалсафаи Л. Рон Ҳаббард сохта шудааст.
Лигаи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон http://www.ilhr.org
Маркази хабарӣ ва ҳуҷҷатҳои Шӯрои Аврупо дар Москва http://www.coe.ru/
Дар сайт матнҳои бисёр созишномаҳои байналхалқии Шӯрои Аврупо ба забони русӣ, ва тавсияҳо доир ба супоридани шикоятнома ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, ҳастанд.
Судҳои байналхалқӣ http://intercourts.virtualave.net/
Сайт ахбори шавқоварро пешкаш мекунад дар бораи гузашта ва кори ҷории Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин дар ин сайт санадҳои нормативӣ, баъзе маводҳои оморӣ ва амсол низ дарҷ ёфтаанд.
Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон http://www.echr.coe.int/
Ҳуқуқи байналхалқӣ http://www.interights.org
Артикл-19 (Маркази байналхалқӣ алайҳи манъи интишор) http://www.gn.apc.org/article19
Адвокатҳо барои ҳуқуқи инсон http://www.ichr.org
”Зӯроварӣ ба ҳаққи занон манъ карда шавад” http://www.stopvaw.org
Ин сайт аз ҷониби “Адвокатҳо барои ҳуқуқи инсон”(ИМА) сохта шудааст. Сайт ба пёешгирии зӯроварӣ бар занон бахшида шудааст. Дар сайт мақолаҳо доир ба чунин мавзӯҳо ҳастанд: фурӯши занон, зӯроварӣ дар хона, талоши ҷинсӣ, ҳуҷумҳои ҷинсӣ. Ҳамчунин дар ин сайт маводҳои таълимӣ ҳастанд барои пешгирӣ ва нагузоштани ин амалҳои зишт. Дар сайт маҷмӯаи санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ доир ба ин соҳа низ ҳастанд(СММ ва дигар созмонҳо). Сайт саҳифаҳое дорад, ки ба чанд минтақаи кишварҳои ДММ ва хориҷи дур бахшида шудаанд. Сайт танҳо нусхаи англисӣ дорад.
Нозӯроварии байналхалқӣ—давлатҳои нави мустақил http://www.glasnet.ru/~ninis/
Сайт манбаи маълумотӣ дорад доир ба созмонҳо ва фаъолони сулҳсоз ва хайриявӣ дар кишварҳои нави мустақил. Дигар ахборот низ ҳаст.
Асотсиатсияи таълимот дар соҳаи ҳуқуқи инсон http://www.HREA.org
Созмони байналхалқии ғайридавлатӣ, ки таълимоти ҳуқуқи инсонро дастгирӣ менамояд; таълими фаъолон ва касбиён, инкишофи маводҳои таълимӣ ва барномасозӣ, бунёди ҷамъият ба воситаи технологияҳои гуфтугӯӣ. Маводҳои ин сайт бо забони англисӣ мебошанд. Дар сайт оид ба курсҳои таълимоти ҳуқуқи инсон низ маълумот гузошта шудааст.
Намояндагии Делегатсияи Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Қазоқистон http://www.delkaz.cec.eu.int
Сайт ба Намояндагии Делегатсияи Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шудааст. Инчунин сайт дар бораи фаъолияти ин намояндагӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ(Тоҷикистон, Узбекистон ва ғ.) низ ахбор дорад.
Китобхонаи виртуалии UNDP дар масоили баробарҳуқуқии гендерӣ http://gender.undp.sk
Сайт ахбор оид ба лоиҳаҳои UNDP дар соҳаи баробарҳуқуқии гендерӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон сухан меронад. Инчунин сайт шарҳи қонунгузории кишварҳои гуногунро низ дорад, барои мувофиқати баробарҳуқуқии гендерӣ. Ғайр аз ин сайт рӯйхатҳои СҒД-иеро ки бо масоили занон машғул мебошанд ва сохторҳои давлатии вобаста ба баробарҳуқуқии занону мардонро дорад. Айни замон сайт танҳо нусхаи англисӣ дорад.
Сарчашмаҳои россиягӣ
Ҳукумати ФР http://www.government.gov.ru/
Дар сайт маълумот оид ба ҳамаи идораҳои ҳукумати иҷроияи Федератсияи Русия ва ахбори маркази интишори Ҳукумат, низ ҳастанд.
Институт прав человекаДонишкадаи ҳуқуқи инсон http://www.hrights.ru/
Дар шӯъбаи “Санадҳои нормативӣ” як маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва россиягӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳаст, ба мисли матни Сарқонун ва Оинномаҳои субъектҳои Федератсия ва дигар қонунҳо. Нусхаи электронии “Бюлетени россиягӣ оид ба ҳуқуқи инсон” дастрас аст, ки дар он маводҳои назариявӣ ва амалӣ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон, дарҷ ёфтаанд.
Мактаби москвагӣ оид ба ҳуқуқи инсон http://www.mshr.redline.ru/
Дар сайт маҷмӯи санадҳои нормативӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуҷҷатҳои Комиссияи ҳуқуқи инсон дар назди президенти ФР, ҳисоботи Вакил оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия. Мақоми махсус ба таълимоти ҳуқуқи инсон, демократия ва фарҳанги ҷаҳонӣ дода шудааст.
Ҷамъияти байналхалқӣ, таърихӣ-маърифатии ҳифзи ҳуқуқ ва хайриявии “Мемориал” http://www.memo.ru/
Дар байни шӯъбаҳои сайт—таърихи ҳаракатҳои репрессиявӣ ва муртадӣ, навидҳо, ахбор оид ба фаъолияти ҳуқуқии ҷамъият, адабиёт.
Осорхона ва маркази ҷамъиятии ба номи Андрей Сахаров http://www.sakharov-center.ru
Сайт имкон медиҳад, ки бо фаъолияти ҷорӣ ва лоиҳаҳои Марказ шинос шавед, аммо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон маводе надорад.
Ҷамъияти ҳуқуқи инсони Нижегород http://www.uic.nnov.ru/hrnnov/rus/nnshr
Дар сайт ахбори қабулгоҳи ҷамъиятӣ, маводҳои маркази ахборӣ-таҳлилӣ, нусхаҳои рӯзномаи “Право-защита” ва дигар маълумот, ҷой доранд.
Созмони ҷамъиятӣ “Ҷомиаи ҳуқуқӣ” http://pravo.org.ru
Сайт асосан ба масоили даъвати ҳарбӣ бахшида шудааст, аммо дар мавриди дигар масоил низ машваратҳо дода мешаванд. Маҷмӯаи муфиди мавзӯии ҳуҷҷатҳову санадҳои нормативӣ оварда шудааст.
Маркази ҷамъиятӣ барои ҳамкорӣ дар ислоҳоти адлияи ҷиноятӣ http://www.prison.org/
Дар сайти Марказ муфассал тартиби эътирози ҳабс дар суд оварда шудааст, инчунин намунаҳои шикоятномаҳо, ариза ва шафоатнома низ, ҳастанд. Шӯъбаҳои “Ҳуҷраи кудакона” ва “Хосиятҳои ҷавобгарӣ ва ҷазои наврасон” ҳам ҳастанд.
Хатти кушодаи занон http://www.owt.ru/
Ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва россиягӣ, ҳисобот оид ба мақоми занон, маркази виртуалии ҳуҷҷатӣ “Ҳуқуқ ва имкониятҳои занон”, ҳаракати занон, таҳқиқоти гендерӣ, дигар саволҳо.
Эколайн http://www.ecofine.ru/
Сайт ахборот дорад оид ба аъзоёни иттифоқи ҷомиавӣ-экологӣ, таърих, барномаҳо, чорабиниҳо, навид ва бюлетенҳо, сарчашмаҳои ахбори масоили ҳифзи муҳити зист ва инкишофи сектори сеюм дар Русия ва ДММ, манбаи маълумоти созмонҳои экологӣ ва сарчашмаҳои маблағи онҳо.
Ҳаракат алайҳи зӯроварӣ sergey@sorokin.mccme.ru
Бунёди ҳифзи ҳаққи овоз http://internews.ru/GDF/index.html
Маркази робитаҳои ҷамъиятӣ “Шаҳрванд” http://www.good.cnt.ru
Агентии ахбори ҷомиавӣ http://www.asi.org.ru
Шӯрои мустақили экспертӣ-ҳуқуқӣ cile@rc.msu.ru
"Амали умумӣ" www.infoline.ru/g23/1780/doc_obd/obs.htm
Маркази ахборотии ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ icpd@glasnet.ru
Кумитаи “Барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ” komitet@cityline.ru
Маркази ҷамъиятӣ барои ҳамкорӣ дар ислоҳоти адлияи ҷиноятӣ http://www.prison.org/
Бунёди "Гласность" www.glasnostonline.org
"Назорати шаҳрвандӣ" (Санкт-Петербург) citwatch@mail.w+.net
а) Интернет-лоиҳаҳо
Ҳуқуқи муаллифӣ http://www.copyrighter.ru/
Дар сайт муаллифон, истифодабарон ва шавқмандон метавонанд ҳама маълумоти даркорӣ ва муфидро оид ба ҳуқуқи муаллифӣ, дарёфт намоянд.
Китоби умумироссиягии шикоятҳо http://kaktak.narod.ru/
Аз рекламаи сайт: “Агар ҳуқуқи шумо вайрон шуд, шумо шоҳиди беадолатӣ, беқонунӣ ё нодонӣ шудед, нависед. Пурра бинависед, ҷой, вақт ва ҳолатро. Мо воқеаи шуморо дарҳол маъруф менамоем. Бетаъхир. Муроҷиатҳо бо тафсири мутахассисон ҳамроҳ хоҳанд буд.”
Балтия: ҳуқуқи инсон http://www.dof.ru/users/fawass/
Мақсади сайт ба тамоми ҷомиаи ҷаҳони расонидани ахбор оид ба мақоми аҳолии русзабон дар кишварҳои Балтия. Дар ин сайт далелҳои аниқ ва баҳои ҳуқуқии онҳоро дарёрфт кардан мумкин аст. Баҳодиҳӣ аз ҷониби ихтисосмандони СҒД “Ассамблеяи Ҳуқуқӣ” амалӣ шудааст.
Хидматгузори ахборотӣ Human Rights Online http://www.hro.org/
Сайти пешоҳанги Русия дар мавзӯи ҳифзи ҳуқуқ. Ҳуҷҷатҳои россиягӣ ва байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи инсон, ҳисоботи СҒД ҳуқуқи инсон, рӯйхати зиёда аз 450 созмони ҳифзи ҳуқуқи Русия. Ғайр аз ин мақолаҳо дар ин мавзӯ, ахборот оид ба интишороти давравии ҳифзи ҳуқуқ, адабиёти гуногун, луғати ҳуқуқи инсон ва дигар мавод. Нусхаи электронии маҷаллаи “Правозащитник”. Сайт ахбор дорад оид ба кори бист СҒД ҳифзи ҳуқуқ, ба монанди Иттифоқи кумитаҳои модарони сарбозҳои Русия, Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқ аз Рязан “Мемориал”, Бунёди “Ҳуқуқи Модар”, Маркази минтақавии ҳифзи ҳуқуқ, Гурӯҳи Москвагии Хелсинки ва дигарон.
Ғайриқонунӣ дар Москва—оид ба ҳуқуқи инсон дар Москва http://nelegal.ru
Сайт ба озодӣ ва маҳдудияти ҳаракат дар Москва бахшида шудааст. Дар сайт метавон бо матни пурраи китоби “Чӣ гуна дар Москва бо суд ба қайд даромадан мумкин”, шинос шуд. Машваратҳо ба “ғайриқонуниҳо”, пурсишу посухҳо, санадҳои нормативӣ, телефонҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Сайти ҳифзи ҳуқуқ “Ҳақ дорам” http://pi.agava.ru/
Дар сайт машваратҳо дар масоили васеи гуногун, шиносоӣ бо паёмҳои Агентии ахбороти судӣ, маҷмӯаи қарорҳои судӣ, маводҳои методӣ, ҷамъ оварда шудаанд.
Сайти “Ҳуқуқ ва кӯдакон дар Интернет” http://school-sector.relarn.ru/prava/
Луғати баъзе мафҳумҳо, машваратҳои ҳуқуқӣ дар лавҳаи “Адвокат барои бачагон”, матни пурраи конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, тафсиру эзоҳи санадҳои нормативии росиягӣ, ҷавоби мутахассисон ба саволҳои кӯдакон ва наврасон дар шӯъбаи “Рӯбарӯ”, “телефонҳои боварӣ” дар чанде шаҳрҳои Русия, маълумоти оморӣ, дигар маълумот.
Форуми "Ҳуқуқи мо" http://www.russ.ru/cgi-bin/prav.pl
Мубоҳисаи мудом дар бораи ҳуқуқи инсон, иҷроиш ва вайронсозии он.
Форуми созмонҳои муҳоҷиратӣ http://www.migrant.ru
Дар форум зиёда аз 200 созмон аз 50 минтақаи ФР ва се кишвари собиқ ИҶШС. Онҳо зиёда аз 100 ҳазор муҳоҷири маҷбуриро ташкил медиҳанд.
b) ВАУ
Маҷаллаи "Индекс. Досье на цензуру" http://www.polit.ru/index-dossier.html
"Российская газета" http://www.rg.ru
"Экспресс-Хроника" http://www.online.ru/sp/chronicle
"Тум-балалайка" – рӯзномаи зиддифашистӣ http://igel.da.ru
"Защита прав и свобод человека" – маҷаллаи созмонҳои минтақавии ҳифзи ҳуқуқ http://zashita.newmail.ru
Нашриёти "Права человека" ва маҷаллаи "Правозащитник" http://www.hro.org/editions
Радиостансия "Свобода" http://www.svoboda.org
Радиостансия "Эхо Москвы" http://www.echo.msk.ru
с) Таълимот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандшиносӣ
Шаҳрвандшиносӣ дар Русия (Асотсиатсия "За гражданское образование") http://www.ug.ru/civicnet
Сарчашмаи хуби иттилоотӣ бо нишониҳои зиёд, ки ба шумо даркор мешаванд. Мақсадҳои асосии Асотсиатсия—иттилоот, таълимӣ-методӣ, ёрии ташкилотӣ ба омӯзгорон, кормандони маориф ва илм, рӯзноманигорон, ки дар соҳаи маорифи шаҳрвандӣ ва тарбияи ҷавонон фаъолият доранд.
Донишкадаи ҳуқуқи инсон http://www.hrights.ru
ДҲИ лоиҳаҳои таҳқиқии ҳуқуқшиносӣ ва сотсиологӣ амалӣ менамояд, ба фаъолияти маърифатӣ ва нашриётӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғул аст. Дар сайт маводҳо доир ба ин масъала, маълумот оид ба лоиҳаҳо, санадҳои нормативӣ дарҷ шудаанд.
Сервери таълимотӣ-ҳуқуқии "Радуга" http://raduga.smr.ru/spor/main.htm
Дар сайт китобхонаи методӣ бо мавзӯи ҳуқуқшиносӣ, бозиҳои компютерӣ ва ашёӣ барои дарсҳои ҳуқуқшиносӣ, фароҳам шудаанд.
Бунёди россиягии ислоҳоти ҳуқуқӣ(БРИҲ) http://www.rflr.ru/
Созмони давлатӣ-ҷамъиятии ғайрисавдоӣ, ки бо мақсади мадади ҳамаҷониба ба идораҳои ҳукумати давлатӣ, ҳукумати маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ислоҳоти сохтори ҳуқуқӣ сохта шудааст. БРИҲ мадад медиҳад ба координатсияи фаъолият дар байни идораҳову созмонҳои номбаршуда, ҷалби манбаъҳо ва идораи маблағҳо, ки ба лоиҳаҳои алоҳидаи инкишофи сохтори ҳуқуқ, ҳамчунин лоиҳаҳои вобаста ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷудо шудаанд.
Маркази ташаббусҳои ҷомиавӣ ва таълимотӣ “Хатти кудакона” http://www.linia.udm.net/?section=about
Мусоидат дар инкишофи соҳаи ҷомиавӣ, муассисаҳои демократӣ дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷамъиятӣ, ҳамкории гурӯҳҳои илмӣ, фарҳангӣ, касбӣ ва ҷамъиятӣ, тараққиёти ҷомиаи шаҳрвандӣ.
Молодежный Центр прав человекаМаркази ҷавонони ҳуқуқи инсон http://www.humanist.ru
Ин сайти созмони ҷамъиятӣ, ки вазифаи он маърифатноксозии ҳуқуқӣ ва пешбарии ғояҳои ҳуқуқи инсон. Марказ аз ҷониби “Мемориал”-и Москва дар соли 1992 сохта шудааст. Асосан бо омӯзгорон, мактаббачагон ва донишҷӯён кор мекунад, бо созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва омӯзгорӣ, экспертҳо ва муҳақиқон ҳамкорӣ менамояд.
Созмони ҷамъиятӣ- шаҳрии Воронеж “Маркази маърифати ҳуқуқии ҷавонон” http://www.cpp.vsu.ru/
Созмон дар мактабҳои Воронеж чорабиниҳои зеринро мегузаронад: дарсҳои ихтиёрӣ оид ба ҳуқуқи инсон; ёрии методӣ ба омӯзгорон дар масъалаи таълими ҳуқуқи инсон; баромадҳо бо мавзӯи мақоми асосии ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва росиягӣ доир ба ҳуқуқи кудакон дар ҷамъомадҳои мактабии падару модарон;
оммавӣ гардонидани матнҳои ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва росиягӣ оид ба ҳуқуқи инсон; китобхонаи адабиёти ҳуқуқи инсон; нашри рӯзнома барои мактаббачаҳо ва ғ.
Мактаби ҳуқуқи инсон аз Рязан http://www.hro.org/ngo/memorial/hrs/
Мактаб дар соли 1997 бо дастгирии ҷамъияти таърихӣ-маърифатии ҳифзи ҳуқуқ ва хайриявии “Мемориал”-и Рязан, сохта шудааст. Дарсҳо мегузаронад бо истифодаи усулҳои гуногуни классикӣ ва интерактивӣ(гуфторҳо, сӯҳбатҳо, мубоҳисаҳо, бозиҳои корӣ ва нақшӣ, машғулиятҳо, кор бо матнҳои ҳуҷҷатҳо ва ғ.).
Мусобиқаҳои гуногуни шаҳрӣ барои синфҳои болоӣ мегузаронад, ки ба маърифатноксозии ҷавонон дар соҳаи ҳуқуқи инсон равона шудаанд; дар лоиҳаҳои байналхалқӣ ва росиягии кудакона ва ҷавонон барои ҳифзи ҳуқуқ, иштирок мекунад.
Маълумот дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Қазоқистон. http://www.humanrights.freenet.kz
Ин сайти гурӯҳи тренерони қазоқистонӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз Бунёди Байналхалқии Канада барои ҳуқуқи инсон аст, ки ба инкишофи таълимот дар соҳаи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст ва дар пешбурди методҳои бунёди Канада дар таълими ҳуқуқи инсон мадад мекунад.
Иттифоқи наврасон "Роҳ" http://sos.karelia.ru/doroga/
Иттифоқи наврасон “Роҳ”—созмони кудаконаи ҷамъиятии шаҳри Петрозаводск, яке аз ташкилкунандагони мусобиқаи корҳои эҷодии синфҳои болоӣ “Ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир”, мебошад, ки дар минтақаи шимолу ғарбии Федератсияи Русия гузашт (1 Сентябр-30 Ноябри соли 2002).
“Ҳуқуқи зинда” http://www.livinglaw.spb.ru
Аз соли 1996 Донишкадаи Санкт-Петербург оид ба ҳуқуқ, ба номи Шоҳзода П.Г. Олденсбург, бо дастгирии чанд созмони амрикоӣ дар коркарду татбиқи курси ҳуқуқи амалӣ барои мактаббачаҳо “Ҳуқуқи зинда”, машғул аст, ки дар синфҳои 8-11 пурра ё қисман истифода шуда метавонад.
Дар курси “Ҳуқуқи зинда” истифодаи методҳои интерактивӣ пешбинӣ мешавад. Дар дарс ба методҳои гуфторӣ, якгуфторӣ ва супоридани оддии ахбор вақти камтарин сарф мешавад ва диққат равона мешавад ба татбиқи мавод, ҳалли масоили воқеӣ, кори якҷоя, тафаккури эҷодӣ.
Самих методик на сайте нет. Часть их можно найти на сайте "Радуги".
Ҳуқуқи инсон дар Русия http://www.hro.org/
Портали “Ҳуқуқи инсон дар Русия” сервери бузург ва пур аз ҷунбиш аст дар Интернети росиягӣ. Дар ин портал на танҳо матни қонунҳоро дарёфт кардан мумкин, балки маслиҳатҳо барои ҳифзи ҳуқуқи худ, маълумот оид ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ, китобҳо ва мақолаҳоро низ ёфтан мумкин аст.






